Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Эрон ҳама васоили дифоъ аз худро фароҳам мекунад
(last modified 2017-10-27T11:27:19+00:00 )
Октябр 27, 2017 16:27 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Эрон ҳама васоили дифоъ аз худро фароҳам мекунад

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, масъулони Эрон ҳар васоилеро, ки барои афзоиши иқтидори дифоии ҷумҳурии исломӣ лозим бошад, фароҳам хоҳанд кард.

Оятуллоҳ Муҳаммад Имомии Кошонӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба тасмими душманон барои музокира дар бораи тавони дифоии Эрон афзуд, қудрат, абзор ва васоили дифоии Эрон ба ҳеҷ унвон қобили музокира нестанд. Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ ҳамчунин бо ишора ба сафари Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ ба Эрон ва дидори ӯ бо Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ афзуд, ироқиҳо набояд ба амрикоиҳо эътимод кунанд, зеро ҳар кишваре, ки ба Амрико эътимод кард, маҳв шуд ва арзишҳояш аз байн рафт. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ба набарди Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ бо террористҳо низ ишора карда, амният ва иззати Эронро натиҷаи талошҳои ин ниҳоди инқилобӣ ва дигар нерӯҳои мусаллаҳи Эрон донист. Ӯ изҳороти хасмона ва беадабонаи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико зидди Эронро ношӣ аз буғзу душмании ин кишвар бо Эрон донист.

Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ ҳамчунин ба маросими роҳпаймоии “Арбаини ҳусейнӣ” ишора карда афзуд, ҷаҳон ба самти мубориза бо зулм пеш меравад ва ин роҳпаймоӣ нишон медиҳад, ки мардуми ҷаҳон роҳи Имом Ҳусейнро, ки ҳамон роҳи шаҳодату фидокорӣ дар мубориза бо зулм аст, сарлавҳаи худ қарор додаанд.