Октябр 27, 2017 17:35 Asia/Dushanbe
  • Эътирози Эрон ба гузориши Шӯрои ҳуқуқи башари СММ

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон гузориши ҷадиди гузоришгари Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар умури Эронро муғризона ва бидуни машрӯияту эътибор хонд.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Баҳром Қосимӣ гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон бар асоси мавзеи усулии худ интисоби гузоришгарро барои баррасии вазъияти ҳуқуқи башар дар Эрон, ироаи гузориш ба Маҷмаи умумӣ ва Шӯрои ҳуқуқи башари СММ  ноодилона ва дорои моҳияти сиёсӣ медонад. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон таъкид кард, гузоришҳои гузоришгари вижа бар пояи қатъномаи ғайриодилона ва ғайримунсифонаи мубтанӣ бар аҳдофи сиёсӣ ва бадхоҳонаи чанд кишвари мушаххасу муғриз таҳия ва ироа мешаванд. Баҳромӣ гуфт, баҳрагирии бархе кишварҳо аз рӯйкардҳои сиёсӣ, ғайрисодиқона ва бар пояи стандартҳои комилан дугона ҳосиле ҷуз тазъифи ҷойгоҳу шаъни мақулаи ҳуқуқи башар дар сатҳи ҷаҳон, муддаиёни ҳуқуқи башар ва муттаҳидони онҳо, ки ҳамагӣ корномаҳои торик дар ҳуқуқи башар доранд, нахоҳад дошт.

Осима Ҷаҳонгир, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башари Эрон дар гузориши шаш моҳи нахусти соли 2017-и худ бо интиқоди дубора аз иҷрои Қонуни исломии қасос ва эъдоми қочоқчиёни маводи мухаддир бори дигар муддаии нақзи ҳуқуқи башар дар Эрон шудааст.

 

Барчасп