Ҳамдардии Эрон бо хонаводаҳои қурбониёни инфиҷор дар Индонезия
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i24968-Ҳамдардии_Эрон_бо_хонаводаҳои_қурбониёни_инфиҷор_дар_Индонезия
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон ба хонаводаҳои қурбониёни ҳодисаи инфиҷор дар Индонезия ибрози ҳамдардӣ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 27, 2017 21:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳамдардии Эрон бо хонаводаҳои қурбониёни инфиҷор дар Индонезия

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон ба хонаводаҳои қурбониёни ҳодисаи инфиҷор дар Индонезия ибрози ҳамдардӣ кард.

Ба гузориши ИРНА, асри рӯзи панҷшанбе инфиҷору оташ‎сӯзӣ дар як корхонаи тавлиди маводи оташбозӣ дар Индонезия 47 кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузошт. Ин корхона дар ҷазираи Ява қарор дорад. Дар ин корхона 103 коргар машғули кор буданд.