Кумаки оятуллоҳ Макорими Шерозӣ ба мусулмонони Миёнмор
(last modified Sun, 29 Oct 2017 07:17:20 GMT )
Октябр 29, 2017 12:17 Asia/Dushanbe
  • Кумаки оятуллоҳ Макорими Шерозӣ ба мусулмонони Миёнмор

Оятуллоҳ Носири Макорими Шерозӣ аз мароҷеи изоми тақлид дар Қум (ҷануби Теҳрон) як миллиард риёл (ҳудуди 25 ҳазор доллар) ба мусулмонони Миёнмор эҳдо кард.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, оятуллоҳ Макорими Шерозӣ кумак ба мусулмонони мазлуми Миёнморро вазифаи ҳамаи мусулмонон донист ва аз сукути маҷомеи байналамилалӣ дар қиболи қатли оми мусулмонони Миёнмор интиқод кард.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ низ 17 октябр дар пайи номаи раис ва намояндаи валии фақеҳ дар ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Эрон дар бораи шароити вахими мусулмонон рӯҳингиёӣ, маблағи 10 миллиард риёл (250 ҳазор доллар) ба унвони кумак ба оворагони мазлум ва бепаноҳи Миёнмор ихтисос доданд.

Дар натиҷаи ҳамлаҳои артиши Миёнмор ба мусулмонони Руҳингиё дар устони Рохин, ғарби ин кишвар, ки аз 25 август оғоз шудааст, беш аз шаш ҳазор мусулмони руҳингиёӣ кушта ва дасти кам ҳашт ҳазор нафар захмӣ шуда ва беш аз 500 ҳазор нафар ба Бангладеш фирор кардаанд.