Октябр 29, 2017 15:30 Asia/Dushanbe
  • Мудири кулли Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дар Теҳрон

Юкиа Амано, мудири кулли Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ба Теҳрон омадааст, то бо мақомҳои Эрон дидору гуфтугӯ кунад.

Сафари Амано ба Теҳрон, дар воқеъ, идомаи дидорҳои мутақобил миёни мудирони Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ва мақомоти зирабти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳамкориҳои ҳастаӣ дар умури сулҳомез аст. Бо ин ҳол, он чӣ ин сафарро аз ҳассосиятҳои бештаре дар маҳофили хабарӣ ва сиёсӣ бархурдор карда, мухолифатҳои Амрико бо БАРҶОМ аст. Аммо изҳороти сареҳи Беҳрӯз Камолвандӣ, сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон дар бораи аҳдоф ва барномаи сафари Амано ба Теҳрон ба равшанӣ нишон дод, ки нигоҳи Эрон ба ин сафар чорчӯби мушаххасе дорад. Дар ин иртибот се мавзӯъ қобили баҳс аст:

  1. Эрону ожонс ба таври давраӣ дар бораи мавзӯъҳои мухталифи марбут ба барномаҳои ҳастаию таомулоти дуҷониба гуфтугӯ ва ҳамкорӣ мекунанд.
  2. Ожонс ба унвони нозир бар ҳусни иҷрои БАРҶОМ масъулият ва вазоифи мушаххасе дорад, ки мебоист ба он амал кунад.
  3. Робитаи Эрон ва ожонс бар асоси эътимоди мутақобил аст ва ҳар гуна хадшае ба ин эътимод метавонад пурҳазина бошаду ожонсро дар ифои нақши созанда ва бетарафонааш бо чолиш мувоҷеҳ кунад.

Бадеҳист, ҳузури Амоно дар Теҳрон аз се ҷанбаи мавриди ишора ҳоизи аҳамият аст.

Мудири кулли Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дар дидори ахираш бо Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон дар Конфронси ҳамкориҳои байналмилалӣ барои тақвияти эминӣ ва амнияти ҳастаӣ, ки дар Рум, пойтахти Италия баргузор шуд, гуфт: "....арзёбии айнӣ аз иқдомоту фаъолиятҳои ҳастаӣ ва тааҳҳудоти кишварҳо дар қиболи Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ мабнои изҳори назарҳо ва гузоришҳои ожонс буда, таҳаввулоти сиёсӣ таъсире бар арзёбии ожонс нахоҳад дошт". Бо вуҷуди ин изҳорот мудири кулли Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ таҳти таъсири фишорҳо аз Комиссияи муштараки БАРҶОМ хостааст, дар мавриди наҳваи ростиозмоӣ дар ин хусус шаффофсозӣ кунад. Нигоҳе ба гузоришҳои ожонс пеш аз БАРҶОМ нишон медиҳад, Амрико бо истифодаи абзорӣ аз Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ аҳдофи муғризонаи сиёсиро бар зидди Эрон дунбол кардааст. Майкл Робин, таҳлилгари андешакадаи муҳофизакору ҷумҳурихоҳи бунёди “Ҳеритиҷ» дар таҳлили ин рафтор мегӯяд: «Бо ташдиди фишор ба Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ барои бозрасии бештар мо метавонем онҳо (эрониҳо)-ро маҷбур кунем, ки тугмаи ботил кардани БАРҶОМ-ро пахш кунанд».

Иддаои Амрико дар хусуси фаъолиятҳои ҳастаии Эрон бидуни таваҷҷуҳ ба 8 гузориши ожонс дар мавриди пойбандии Эрон ба тааҳҳудоташ ҳокӣ аз талоши Амрико барои фишор бар ниҳодҳои байналмилалӣ аст. Зимни ин ки марокизи низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷузъи амнияти миллии Эрон маҳсуб мешаванд ва ҳеҷ кас иҷозаи боздид аз ин марокизро надорад. Алиакбари Вилоятӣ, мушовири Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар умури байналмилал дар вокуниш ба изҳороти ахири Юкиа Амано, мудири кулли Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дар бораи бозрасӣ аз марокизи низомии Эрон таъкид кард: " Амано бояд аз гузашта панд бигирад ва таҳти таъсири фазосозии Амрико набошад".