Октябр 30, 2017 20:23 Asia/Dushanbe
  • Музокироти Эрон бо ҳайъатҳои сурӣ ва русӣ дар Остонаи Қазоқистон

Ҳайъати эъзомии Эрон ба музокироти Остонаи Қазоқистон, имрӯз ба сурати ҷудогона бо ҳайъатҳои Сурияву Русия дидор ва гуфтугӯ кард.

Ҳайъати эъзомии ҷумҳурии исломии Эрон ба сарпарастии Ҳусайни Ҷобирии Ансорӣ,  муовини арабӣ ва африқоии вазири хориҷаи Эрон ва ҳайъати сурӣ ба сарпарастии  Башшор Алҷаъфарӣ, намояндаи доими Сурия дар Созмони милали муттаҳид, дар бораи охирин таҳаввулоти майдонӣ, назорат бар наҳваи иҷрои коҳиши таниш ва дастури кори музокироти Остонаи Қазоқистон, ройзанӣ ва табодули назар карданд .

Дар дидори ҳайъати эъзомии ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳайъати Русия ба сарпарастии Александр Лаврентев, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Сурия низ дутараф дар бораи ҷадидтарин таҳаввулоти майдонӣ ва сиёсии Сурия ва гуфтугӯҳои сурӣ-сурӣ барои ҳалли мусолиматомези буҳрони ин кишвар, гуфтугӯ карданд .

Ҳафтумин даври музокироти Остона имрӯз бо ҳузури ҳайъатҳои Эрон, Русия, Туркия ва намояндаи давлати Сурия дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон оғоз шуд ва то фардо идома дорад .

Раванди музокироти Остона ба ибтикори ҷумҳурии исломии Эрон, Русия ва Туркия бо ҳадафи ҳалли сиёсии буҳрони Сурия шакл гирифта ва токунун шаш давр аз музокироти сурӣ-сурӣ дар Остона баргузор шудааст.