Октябр 30, 2017 22:22 Asia/Dushanbe
  • Ташарруфи як яҳудӣ ба дини мубини ислом

Нависанда ва муҳаққиқи фаронсавӣ ва пайрави ойини яҳуд ба дини мубини ислом мушарраф ва мусулмон шуд.

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, Ҷессик Кенё, мударрис ва нависандаи фаронсавии китобҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ имрӯз дар маросиме, ки ба ҳамин муносибат дар дафтари имом ҷумъаи Рубот Карим, ҷануби ғарби Теҳрон баргузор шуд, бо гуфтани шаҳодатин пайрави дини ислом шуд .

Ҷессик Кенё муаллифи беш аз 60 унвони китоб дар заминаи омӯзиши забонҳои фаронсавӣ, англисӣ, италияӣ ва олмонӣ аст .

Вай дар хусуси иллати гароиши худ ба дини ислом гуфт: Аз онҷо, ки ислом дини ишқ, сулҳ ва дӯстист, ба он алоқаманд шудам .

Ин нависанда ва муҳаққиқи 57 солаи фаронсавӣ ҳамчунин бо ишора ба солҳо таҳқиқ дар бораи ислом тасреҳ кард: Чун риштаи таҳсилии ман бо забоншиносӣ ва иртиботот вобастааст, ба ин натиҷа расидам, ки вуҷуди алфозе ҳамчун иншоаллоҳ ва алҳамдулиллоҳ дар забони форсӣ нишон аз таъсирпазирии форсизабонон аз дини ислом ва асароти мусбати ин алфоз дорад .

Дар солҳои ахир шумори зиёде аз шаҳрвандони кишварҳои мухталиф ба вижа аврупоӣ ва амрикоӣ дар Эрон ба дини мубини ислом гаравидаанд .