Даъвати коргардони эронӣ аз Трамп барои тамошои филмаш
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i25072
Наргиси Обёр, коргардони эронии филми Нафас, ки имсол намояндаи синамои Эрон дар ҷашнвораи Оскар аст, раисҷумҳури Амрикоро ба тамошои филмаш фаро хонд, то бо фарҳанги асили эронӣ ошно шавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 31, 2017 14:42 Asia/Dushanbe
  • Даъвати коргардони эронӣ аз Трамп барои тамошои филмаш

Наргиси Обёр, коргардони эронии филми Нафас, ки имсол намояндаи синамои Эрон дар ҷашнвораи Оскар аст, раисҷумҳури Амрикоро ба тамошои филмаш фаро хонд, то бо фарҳанги асили эронӣ ошно шавад.

Наргиси Обёр, коргардонии эронӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории Ройтерс гуфт: Тамошои филми Нафас метавонад ба ҷомеаи Амрико кумак кунад, то мутаваҷҷеҳ шаванд, ки эрониҳо бар хилофи иддаои бархе сиёсатмадорҳои Вашингтон, террорист нестанд .

Обёр нахустин коргардони зани эронист, ки филмаш ба унвони намояндаи Эрон дар Оскар ҳузур дорад, афзуд: Трамп аз адабиёти таҳдид барои Эрон истифода мекунад, аммо савол ин аст, ки агар ба тамошои Нафас бинишинад, оё боз ҳам ба ин кор идома хоҳад дод?

Филми синамоии Нафас дарунмояе латифу зидди ҷанг дорад ва зиндагии чаҳор кӯдаки эрониро ривоят мекунад, ки дар даврони ҷанги таҳмилии Ироқ зидди Эрон, бузург мешаванд .

Баҳор ба унвони қаҳрамони филми Нафас, дунёе пур аз руъёҳои зебои кӯдакона дорад, руъёҳое, ки ба ҳақиқат намепайвандад, зеро ҷанг фурсати таҳаққуқи онҳоро ба ӯ намедиҳад .