Октябр 31, 2017 18:12 Asia/Dushanbe
  • Оғози амалиёти сохти реактори дувуми нерӯгоҳи атомии Бушаҳр

Амалиёти омодасозии маҳалли сохти реактори воҳиди дувуми нерӯгоҳи атомии Бушаҳр, ҷануби Эрон бо ҳузури мақомҳои эронию рус оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, Алиакбар Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон рӯзи сешанбе дар ин маросим гуфт, амалиёти сохти воҳиди дувуму сеюми нерӯгоҳи атомии Бушаҳр 10-уми сентябри соли 2016 оғоз шуд ва акнун пас аз хокбардории маҳалли сохти воҳиди дувуми нерӯгоҳ замони омодасозии маҳалли сохти реактори он фаро расидааст. Солеҳӣ афзуд, имрӯз бо ҳузури Алексей Лихачов, раиси ширкати “Русатом” раванди корҳо дар сохти воҳидҳои дувуму сеюми нерӯгоҳи атомии Бушаҳр бо ҷузъиёти бештар баррасӣ мешавад. Раиси Созмони энержии атомии Эрон гуфт, ҳар яке аз воҳидҳои дуюму сеюми нерӯгоҳи атомии Бушаҳр ҳазору 57 мегаватт барқ тавлид хоҳад кард. Солеҳӣ ҳамчунин бо ишора ба сафари рӯзи чаҳоршанбеи раисҷумҳури Русия ба Эрон гуфт, дар ин сафар гузорише аз раванди сохти нерӯгоҳҳои ҷадид ба Ҳасани Рӯҳонӣ ва Владимир Путин, раисҷумҳурҳои Эрону Русия ироа хоҳад шуд.

Алексей Лихачев, раиси ширкати “Русатом” низ дар маросими оғози сохти воҳидҳои ҷадиди нерӯгоҳи атомии Бушаҳр гуфт, ҳамкории Эрону Русия, бавижа дар раванди иҷрои нерӯгоҳи атомии Бушаҳр умедбахш аст.