Август 17, 2016 18:04 Asia/Dushanbe
  • Паёми раиси Маҷлиси Шӯроии Исломии Эрон ба Ҳамоиши байналмилалии Ҷомӣ

Раиси Маҷлиси Шӯроии Исломии Эрон Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомиро омили пайванд ва иртиботи ҳавзаҳои тамаддунии Эрон, Афғонистон ва Осиёи Марказӣ донист.

Ба гузориши ИРНА, Алии Лориҷонӣ дар паёме ба Ҳамоиши байналмилалии бузургдошти Абдурраҳмони Ҷомӣ, ки намояндаи Турбати Ҷом дар маҷлиси Шӯроии Исломӣ онро қироат кард, дар тавсифи Ҷомӣ навишт: Аз аҳволоти вай тавозӯъ ва фурӯтанӣ буд ва ба гунае парвариш ёфт, ки ба рағми сарват ва моли фаровон, ҳеҷ гоҳ табъи содагии хешро аз даст надод ва ба ҷуз мадҳи Паёмбар (с) ва аҳли байт (а) дар ҳеҷ замоне санои касеро бар забон наёвард, ки ин аз сафои ботини ӯ ҳикоят дошт.

Лориҷонӣ оварда аст: Ошноӣ бо тасаввуф ва ирфон ончунон дар шахсияти маънавӣ ва фикрии Ҷомӣ муассир буд, ки тааҷҷуби ҳамагонро бармеангехт ва бидунии шак ӯ дар мартабати шеър ва адабиёт дар таърихи миллати Эрон ҷойгоҳи болое дорад ва ба ҳақ яке аз устодони барҷастаи шеъри форсӣ аст.

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар паёми худ ойини гиромидошти шоири гаронқадр ва суханвари тавоно, Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомиро, ки бо ҳузури андешамандони дохилӣ ва хориҷӣ баргузор мешавад, фурсати гаронбаҳое барои бозхонии андешаҳои ин ва шахсияти барҷастаи адабӣ ва фарҳангӣ донист.

Ҳамоиши дурӯзаи бузургдошти Хотамушшуаро Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ рӯзи чаҳоршанбе бо ҳузури даҳҳо нафар аз андешамандон ва фарҳехтагони дохилӣ ва хориҷӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Рӯсия, Туркия, Кореяи Ҷанубӣ, Покистон, Озарбойҷон ва Ироқ дар Донишгоҳи Озоди Исломии Турбати Ҷом гушоиш ёфт.