Дидори ҷудогонаи Путин ва Илҳом Алиев бо Раҳбари муаззами Инқилоб асри имрӯз
Муовини Осиё ва Уқёнусияи вазири хориҷаи Эрон аз дидори ҷудогонаи раисони ҷумҳурии Русия ва Озарбойҷон бо Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ дар асри чаҳоршанбе хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Иброҳими Раҳимпур дар баёни ҷузъиёти барномаи Владимир Путин ва Илҳом Алиев, раисони ҷумҳурии Русия ва Озарбойҷон дар Теҳрон гуфт, пас аз таҳаввулоте, ки дар Сурия ва Ироқ рӯй додааст, пешбинӣ мешавад, меҳварҳои муҳим ва ҳассос дар дидорҳои онон дар Теҳрон матраҳ шавад.
Вай афзуд, нишасти сеҷонибаи сарони Эрон, Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон асри чаҳоршанбе дар толори Иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ дар Теҳрон баргузор мешавад ва онон дар ин нишаст дар бораи ҳамкориҳои сеҷониба ва низ рӯйдодҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ суханронӣ мекунанд.
Раҳимпур тақвияти ҳамкориҳо дар бораи транзити коло ва иртиқои муносиботи иқтисодӣ дар ҳавзаҳои мухталиф, ба вижа тиҷорӣ, иқтисодӣ, энержӣ, барқ ва гардишгарӣ ва низ ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризмро аз мавзӯоте баршумурд, ки раисони ҷумҳурии Эрон, Русия ва Озарбойҷон дар нишасти сеҷониба ба он мепардозанд.