Раҳбари Инқилоб: Бояд муқобили иқдомоти мухолифони равобити Теҳрону Боку истод
(last modified Thu, 02 Nov 2017 07:34:18 GMT )
Ноябр 02, 2017 12:34 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари Инқилоб: Бояд муқобили иқдомоти мухолифони равобити Теҳрону Боку истод

Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ таъкид карданд, иртибототи наздику бародаронаи Эрону ҷумҳурии Озарбойҷон мухолифоне дорад, ки бояд дар муқобили васвасаҳову иқдомоти харобкоронаи онҳо истодагӣ кард.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ шомгоҳи чаҳоршанбе дар дидори Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон ба пайвандҳои амиқи ду кишвар ва лузуми афзоиши ҳамкориҳо ишора карданду гуфтанд, Эрону ҷумҳурии Озарбойҷон бояд бо иродаву ангезаи музоаф, равобиту ҳамкориҳоро дар бахшҳои мухталиф густариш диҳанд.

Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ иллати ноком мондани талошҳои фаровони Шӯравӣ дар тарвиҷи марксизм ва ба фаромӯшӣ супурда шудани дин дар ҷумҳурии Озарбойҷонро имони муҳками мардум хонданду гуфтанд, маросими пуршукӯҳи имсол дар моҳи муҳаррам намунае аз имони устувори миллати ҷумҳурии Озарбойҷон буд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ин воқеияти муҳим, ки аксарияти ҷамъияти ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчун Эрону Ироқ аз пайравони мактаби аҳли байти исмату таҳорат алайҳимуссалом ҳастанд, афзуданд: “Бояд қадри ин фурсати муфид ва маросими пуршукӯҳи азодории шиаён дар ҷумҳурии Озарбойҷонро донист, зеро ин маворид ҳуввияти миллату кишвари ҷумҳурии Озарбойҷонро тақвият мекунад.

Илҳом Алиев низ дар ин дидор ҳузур дар Эронро ҳамчун ҳузур дар хонаи худ донисту бо ишора ба пешрафти қобили тавваҷуҳи ҳамкориҳои ду кишвар дар солҳои ахир гуфт, ҷумҳурии Озарбойҷон дар равобити худ бо Эрон комилан муҳкам аст ва ба ҳеч кас иҷозаи мудохилаву ихлол дар равобити ду кишварро намедиҳад.

Раиси ҷумҳурии Озарбойҷон бо баёни мавориде аз ҳамкориҳои Теҳрону Боку дар бахшҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энержӣ ва ҳамлу нақл ба талошҳои давлаташ дар масҷидсозӣ дар ҷумҳурии Озарбойҷон ишора карду афзуд, ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳоли таҳкими иртибототи иқтисодӣ ва фарҳангии худ бо Эрон аст ва азми ҷиддӣ дорад, ки ин равобит пойдору ҳамешагӣ бошад.