Радди иддаои иртиботи Эрон ва “Алқоида” бо интишори наворе аз Ҳиллари Клинтон
(last modified 2017-11-03T13:37:24+00:00 )
Ноябр 03, 2017 18:37 Asia/Dushanbe
  • Радди иддаои иртиботи Эрон ва “Алқоида” бо интишори наворе аз Ҳиллари Клинтон

Ҳамид Баидинажод, сафири Эрон дар Англия бо интишори наворе аз Ҳиллари Клинтон ба иддаои Созмони ҷосусии Амрико мабнӣ бар иртиботи “Алқоида” бо Эрон посух дод.

Сафири Эрон дар Лондон рӯзи панҷшанбе дар вокуниш ба интишори асноди марбут ба саркардаи пешини “Алқоида” дар паёми твиттерие ва бо интишори видеое аз Ҳиллари Клинтон навишт, вазири хориҷии пешини Амрико эътироф кардааст: «Мо Алқоидаро эҷод кардем, бо силоҳҳои пешрафта аз онон пуштибонӣ кардем ва нобасомонии бузургеро дар Афғонистону Покистон бар ҷо гузоштем».

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон ҳам дар вокуниш ба асноди иддаоии мунташиршуда дар бораи “Алқоида” гуфт, як "рекорд"-и ноқис аз мизони таъсиргузории долларҳои нафтӣ ахбори дурӯғи Созмони ҷосусии Амрико ва Бунёди дифоъ аз демократия бо асноди гузинишии “Алқоида” дар бораи Эрон наметавонад нақши муттаҳидони Амрикоро дар ҳамалоти 11-уми сентябри соли 2001 пок кунад.

СҶА дар ҳоле Эронро ба иртибот бо “Алқоида” муттаҳам мекунад, ки 15 нафар аз 19 нафаре, ки дар ҷараёни ҳамалоти террористии 11-уми сентябри соли 2001 дар Амрико нақш доштанд, саудӣ ва узви “Алқоида” буданд. Арабистони Саудӣ ба унвони хостгоҳи терроризм нақши асосӣ дар густариши ин падидаи шум дорад ва гузоришу асноди гузинишии Амрико нишон аз нақши долларҳои нафтии Саудӣ дар шаклдиҳии сиёсати хориҷии Амрико дорад.

 

Барчасп