Зариф: Асноди гузинишӣ воқеияти 11-уми сентябрро пок намекунад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i25145-Зариф_Асноди_гузинишӣ_воқеияти_11_уми_сентябрро_пок_намекунад
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба асноди интихобшуда ва иддаои иртиботи “Алқоида” бо Эрон вокуниш нишон дод.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Ноябр 03, 2017 20:27 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Асноди гузинишӣ воқеияти 11-уми сентябрро пок намекунад

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба асноди интихобшуда ва иддаои иртиботи “Алқоида” бо Эрон вокуниш нишон дод.

Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи панҷшанбе дар сафҳаи твиттерии худ дар вокуниш ба асноди иддаоии мунташиршуда дар бораи “Алқоида” навишт, як “рекорд”-и ноқис аз мизони таъсиргузории долларҳои нафтӣ ахбори дурӯғи Созмони ҷосусии Амрико ва Бунёди дифоъ аз демократия бо асноди интихобии “Алқоида” дар бораи Эрон наметавонад нақши муттаҳидони Амрикоро дар ҳамалоти 11 сентябр 2001 пок кунад.

Созмони ҷосусии Амрико ба тозагӣ аснодеро мунташир карда, муддаӣ шудааст, дар ҷараёни амалиёти террори Усома ибни Лодан, саркардаи пешини “Алқоида” дар соли 2011 аснодеро дар бораи иртиботи ин гурӯҳ бо Эрон ба даст овардааст. СҶА дар ҳоле Эронро ба иртибот бо “Алқоида” муттаҳам мекунад, ки 15 нафар аз 19 нафаре, ки дар ҷараёни ҳамалоти террористии 11-уми сентябри соли 2001 дар Амрико нақш доштанд, саудӣ ва узви “Алқоида” буданд. Арабистони Саудӣ ба унвони хостгоҳи терроризм нақши асосӣ дар густариши ин падидаи шум дорад ва гузоришу асноди интихобии Амрико нишон аз нақши долларҳои нафтии Саудӣ дар шаклдиҳии сиёсати хориҷии Амрико дорад.