Ноябр 04, 2017 09:55 Asia/Dushanbe
  • 13 - уми обон - намоди муқовимату пирӯзии миллати Эрон муқобили истикбори ҷаҳонӣ

Имрӯз (шанбе), сездаҳуми обон - Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии исломии Эрон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сивуҳашт соли пеш дар чунин рӯзе (сездаҳуми обони 1358-и ҳиҷрии шамсӣ - чаҳоруми ноябри соли 1979) донишҷӯёни Эрон дар эътироз ба тавтеаҳои зиёди Амрико зидди инқилоби исломии Эрон, “лонаи ҷосусӣ” (сафорат)-и Амрикоро дар Теҳрон тасхир карданд.

Мардуми Эрони исломӣ ҳар сол бо гиромидошти ин рӯз дар роҳпаймоии саросарӣ ва пуршӯр, ваҳдати миллӣ ва инсиҷоми исломии худро намоиш ва паёми инқилоби исломӣ, яъне “истиқлол”, “озодӣ”, “ҷумҳурии исломӣ” ва истикборситезиро фарёд мезананд.

13 - уми обон - ёдоварии се рӯйдоди муҳим дар се марҳалаи ҳассос аз таърихи инқилоби исломии Эрон аст.

Ин се рӯйдоди муҳим “солрӯзи табъиди ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ) ба Туркия (13-уми обони соли 1343-и ҳиҷрии шамсӣ - чаҳоруми ноябри 1964)”, “куштори донишомӯзон тавассути режими паҳлавӣ (13-уми обони 1357, чаҳоруми ноябри 1978 - Рӯзи донишомӯз)” ва “ҳаракати инқилобии тасхири лонаи ҷосусии Амрико дар Теҳрон тавассути донишҷӯёни пайрави хати Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон” ҳар як нуқтаи қобили таваҷҷуҳе дар раванди истикборситезии миллати Эрон аст.

Аҳзоб, органҳо, ҷамъиятҳову ташаккулҳои сиёсӣ рӯзи ҷумъа бо судури баёнияҳои ҷудогона, мардуми Эрони исломиро ба ҳузури пуршӯр дар роҳпаймоии “явмуллоҳи сездаҳи обон” даъват карданд.