Ноябр 04, 2017 22:29 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши се миллиард долларии содироти Эрон ба Чин дар 9 моҳи гузашта

Сафири Теҳрон дар Пекин гуфт: Содироти Эрон ба Чин дар 9 моҳаи гузашта нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл, се миллиард доллар афзоиш ёфтааст.

Алиасғари Хоҷӣ, сафири Теҳрон дар Пекин дар гуфтугӯ бо Ирно бо ишора ба инки Чин бузургтарин шарики тиҷории Эрон аст, изҳор кард: Бар асоси омори гумруки Чин, Эрон дар 9 моҳаи гузашта, 13 миллиарду 88 миллион доллар коло ба Чин содир карда ва ин рақам нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта, се миллиард доллар афзоиш доштааст .

Хоҷӣ афзуд: Мизони тиҷорати Теҳрону Пекин дар 9 моҳаи гузашта беш аз 27 миллиард доллар будааст, ки тарози тиҷории 540 миллион доллар ба нафъи Эронро нишон медиҳад .

Сафири Теҳрон дар Пекин бо ишора ба инки ҳамчун солҳои қабл, нафти хом муҳимтарин колои содиротии Эрон ба Чин аст, тасреҳ кард: Мизони содироти нафти хоми Эрон ба Чин дар 9 моҳи гузашта баробар бо ҳашт миллиарду 74 миллион доллар будааст ва Пекин бо воридоти рӯзона 633 ҳазор бушка нафт аз Теҳрон, бузургтарин харидори нафти Эрон маҳсуб мешавад .

Ба гуфтаи Хоҷӣ, Эрон дар 9 моҳаи гузашта беш аз 22 миллион тонна коло ба арзиши панҷ миллиард доллар ва 14 миллион доллар содироти ғайринафтӣ ба Чин дошта, ки ин мизон аз лиҳози вазнӣ шоҳиди афзоиши 28 дарсадӣ ва аз лиҳози арзиш, афзоише муодили 27,8 дарсадӣ доштааст .

 

Барчасп