Ҳифозати Эрон аз роҳпаймоёни “Арбаини Ҳусайнӣ” бо сомонаҳои мушакӣ ва радарӣ
(last modified Mon, 06 Nov 2017 10:41:47 GMT )
Ноябр 06, 2017 15:41 Asia/Dushanbe
  • Ҳифозати Эрон аз роҳпаймоёни “Арбаини Ҳусайнӣ” бо сомонаҳои мушакӣ ва радарӣ

Фармондеҳи падофанди ҳавоӣ - тактикии қароргоҳи падофанди ҳавоии “Хотамуланбиё” - и Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аз расади вижаи парвозҳои убурӣ аз осмони Эрон дар айёми “Арбаини Ҳусайнӣ” хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, сартипи дувум Шамхоли Ҷаъфарӣ зимни эъломи барқарории пӯшиши комили падофандӣ дар айёми арбаин барои зоирон гуфт, расад ва муроқибати вижаи ҳамаи парвозҳои фароминтақаии дар ҳоли фаъолият дар осмони Ироқ, аз ҷумла бо сарнишин ва бидуни сарнишин дар айёми арбаин ба сурати вижа анҷом мешавад.

Фармондеҳи падофанди ҳавоӣ - тактикии қароргоҳи падофанди ҳавоии “Хотамуланбиё”-и Артиши Эрон афзуд, дар айёми “Арбаини Ҳусайнӣ” рӯзона 55 ҳавопаймои мусофирбарӣ аз фурудгоҳҳои Наҷаф ва Карбало интиқоли зоирони ҳусайниро анҷом медиҳанд, ки ҳамаи парвозҳо таҳти муроқибат ва расади комили сомонаҳои радарии собит ва тактикӣ анҷом мегирад.

Ҷаъфарӣ изҳор дошт, сайтҳои радарӣ ва мушакиву сомонаҳои шунуди электроникии собит ва тактикии истиқрорӣ дар марзи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати муроқибат аз фазои дохил ва хориҷи марз ва анҷоми ҳар гуна иқдоми тактикӣ дар сурати лузум мустақар ҳастанд.

 Панҷшанбеи 20-уми сафари соли 1439-и ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 9-уми ноябри соли 2017, чиҳилумин рӯзи шаҳид шудани солори шаҳидон - ҳазрати Имом Ҳусайн (а) аст. Ҳар сол садҳо ҳазор зоири эронӣ барои ширкат дар маросими “Арбаини Ҳусайнӣ” ба Карбало сафар мекунанд.