Ноябр 07, 2017 17:34 Asia/Dushanbe
  • Фароҳам шудани шароити таҳсили садҳо ҳазор паноҳандаи афғон дар Эрон

Намояндаи Эрон дар Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) эълом кард, бо ҳукми Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ шароити таҳсили садҳо ҳазор фарзанди паноҳандагони афғонистонӣ дар Эрон фароҳам шудааст.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Аҳмад Ҷалолӣ дар Конфронси умумии ин созмон дар Париж бо ишора ба дастовардҳои Эрон дар ҳавзаи омӯзиш ба паноҳандагон гуфт, имрӯз беш аз 900 ҳазор афғонистонӣ дар мадориси Эрон таҳсил мекунанд. Ӯ афзуд: “Ҳамакнун дар Эрон бо истифода аз манобеи миллӣ тавонистаем шароитро барои таҳсили ҳама фарзандони паноҳандаҳои афғонистонӣ, бештаре аз муҳоҷирони дорои ҳуҷҷати расмию ғайри он фароҳам кунем".

39-умин даври Конфронси умумии ЮНЕСКО бо ҳузури мақому ҳайатҳои баландпояи беш аз 195 кишвари ҷаҳон дар мақарри ин созмон дар Париж дар ҳоли баргузорист. Ҳамчунин дар нишасти кунунии Париж бузургдошти ҳазору ҳафтсаду панҷоҳумин соли таъсиси Донишгоҳи Ҷунди Шопур дар Эрон ва ҳаштсадумин соли ҳаёти илмии Шаҳобуддин Яҳё Суҳравардӣ, файласуфи пуровозаи эронӣ дар “Феҳристи бузургдоштҳои байналмилалии ЮНЕСКО” дарҷ шуд.

 

Барчасп