Ноябр 07, 2017 18:58 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Пиёдаравии “Арбаини ҳусайнӣ” як намоди барҷаста аст

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар бораи пиёдаравии “Арбаини ҳусайнӣ” гуфтанд, пиёдаравии “Арбаини ҳусайнӣ”  яке аз ҳаводиси бисёр барҷастае аст, ки Худои мутаол дар ихтиёри пайравону алоқамандони аҳли байти исмату таҳорат (а) қарор додааст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ибрози хушнудӣ аз пиёдаравии миллионҳо нафар аз мардуми Эрону Ироқ ва соири кишварҳои ҷаҳон дар ин масир таъкид карданд, бояд Худованди мутаолро барои ин неъмат шокир буд. Эшон хотирнишон карданд, ҳаракати азими “Арбаини ҳусайнӣ”  намоди бисёр зебо ва пуршукӯҳ аз ҳузури пайравону алоқамандони аҳли байти исмату таҳорат (а) аст. Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ хитоб ба касоне, ки дар ин маросими пуршӯр ширкат кардаанд, афзуданд: “Хушо ба ҳол касоне, ки дар ҳоли пиёдаҳравӣ ҳастанд ва ба зиёрати “Арбаин” хоҳанд расид ва он зиёрати хушмазмунро хитоб ба ҳазрати Имом Ҳусейн (а) хоҳанд хонд”.

20-уми моҳи сафари соли 1439-и ҳиҷрии қамарӣ (9 ноябр 2017) “арбаин” ё чиҳилумин рӯзи ба шаҳодат расидани ҳазрати Имом Ҳусейн (а) ва ёрону бовафои эшон дар саҳрои Карбало аст. Ба ҳамин муносибат миллионҳо зоир аз саросари ҷаҳон дар ин рӯз барои ҳузур дар маросими “Арбаини ҳусайнӣ” вориди шаҳри Карбало, ҷануби Ироқ мешаванд. Барои маросими “Арбаини ҳусайн” имсол низ то рӯзи сешанбе беш аз ду миллиону сесад ҳазор зоир аз Эрон ба Ироқ сафар кардаанд.