Ноябр 08, 2017 11:17 Asia/Dushanbe
  • Вуруди вазири хориҷаи Эрон ба Тоҷикистон

Вазири умури хориҷаи Эрон соате қабл вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф ба даъвати расмии мақомоти Тоҷикистон вориди Душанбе шуд ва қарор аст дар ин сафар бо мақомоти ин кишвар дидор кунад.

Самарқанд дар Ӯзбакистон, мақсади баъдии сафари Зариф ба минтақаи Осиёи Миёна аст.

Дар Ӯзбакистон, вазири умури хориҷаи Эрон илова бар дидору гуфтугӯ бо мақомоти ин кишвар, рӯзи ҷумъа дар Конфронси байналмилалии амният ва тавсеаи пойдор дар Осиёи Марказӣ ширкат хоҳад кард.

Дар ин конфронс, ки дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, мақомоту шахсиятҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ ҳузур хоҳанд дошт.