Арбаини шаҳодати ҳазрати Абоабдиллоҳ Алҳусайн (а)-ро таслият мегӯем
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i25300-Арбаини_шаҳодати_ҳазрати_Абоабдиллоҳ_Алҳусайн_(а)_ро_таслият_мегӯем
Имом Ҳусайн (а), набераи гаронқадри паёмбари гиромии ислом (с) дар даҳуми муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд ва бистуми сафар ба номи чиҳилумин рӯзи шаҳодати имом Ҳусайн (а)- Арбаини Ҳусайнӣ- ном гирифтааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 08, 2017 15:06 Asia/Dushanbe
  • Арбаини шаҳодати ҳазрати Абоабдиллоҳ Алҳусайн (а)-ро таслият мегӯем

Имом Ҳусайн (а), набераи гаронқадри паёмбари гиромии ислом (с) дар даҳуми муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд ва бистуми сафар ба номи чиҳилумин рӯзи шаҳодати имом Ҳусайн (а)- Арбаини Ҳусайнӣ- ном гирифтааст.

Ҳазрати имом Ҳусайн (а) дар даҳуми муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало дар синни 57 солагӣ шаҳид шуданд .

Ҳазрати имом Ҳусайн (а) дар баёни рӯзи воқеаи Карбало ва дар роҳи Макка ба Карбало, то ҳангоми шаҳодат ба сароҳат таъкид карданд: “Мақсуди ман аз ҳаракат, расво сохтани ҳукумати зидди исломии Язид ва барпо доштани амри ба маъруф ва наҳӣ аз мункир ва истодагӣ дар баробари зулму ситамгарист ва ҷуз ҳимояти Қуръони карим ва зинда доштани дини исломи ноби Муҳаммадӣ ҳадафе надорам”.

Навҳахонӣ, сина ва занҷирзанӣ ва суханронӣ дар бораи ҷойгоҳу шахсияти ҳазрати имом Ҳусайн (а), аз барномаҳои муҳими мардуми муъмин ва Ҳусайнии Эрони исломӣ дар шабу рӯзи Арбаини Ҳусайнӣ аст .

Радиои тоҷикии Садои Хуросон, фаро расидани Арбаини шаҳодати имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафояшро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон ва дигари озодихоҳон таслият мегӯяд.