Арбаини Ҳусайнӣ бузургтарин ҳамоиши мазҳабии сиёсии ҷаҳон
Раиси ҷомеаи шиаёни Русия, Арбаини Ҳусайниро бузургтарин ҳамоиши мазҳабии сиёсии ҷаҳон донист, ки ба исломи инқилобӣ ва ноби Муҳаммадӣ рӯҳи тозае бахшидааст.
Низоми Балогланов, раиси ҷомеаи шиаёни Русия дар мусоҳиба бо Ирно дар Маскав гуфт, нидои ваҳдати ҷаҳони исломи аз амокини муқаддаси Наҷафу Карбало ба гуш мерасад ва раҳбарони кишварҳои исломӣ бояд аз ин фурсат барои якпорчагӣ ва рафъи ихтилофот истифода кунанд .
Раиси ҷомеаи шиаёни Русия афзуд: Эрон имрӯз парчамдори қиёми Саидалшуҳадо (а) аст ва талошҳои имом Хумайнӣ, раҳбари кабири инқилоби исломӣ (р) барои ваҳдати уммати исломӣ ва эҷоди ҷунбише барои ҳимоят аз манофеи мусулмонон сутуданӣ ва барои соири кишварҳои исломӣ улгубахш аст .
Ба гуфтаи раиси ҷомеаи шиаёни Русия, имсол бо барномарезии густардаи ҷумҳурии исломии Эрону Ироқ Арбаини Ҳусайнӣ бошукӯҳтар аз солҳои гузашта баргузор мешавад.
Балогланов ҳамчунин гуфт, имсол дар ҳоле Арбаини Ҳусайнӣ баргузор мешавад, ки гурӯҳи террористии ДИИШ, ки аз сӯи Амрикову муттаҳидони минтақаиаш барои зарба задан ба ҷаҳони ислом ташкил шуд, ба шиддат шикаст хурдааст ва охирин боқимондаи террористҳои ин гурӯҳ дар Ироқу Сурия нобуд мешаванд.
Имрӯз панҷшанбе 20 сафари соли 1439 ҳиҷрии қамарӣ, мусодиф бо 9 ноябри 2017, чиҳилумин рӯзи шаҳодати солори шаҳидон, ҳазрати имом Ҳусайн (а), имоми сеюми шиаёни ҷаҳон аст .
Миллионҳо зоир аз Ироқу дигар кишварҳо аз ҷумла Эрон, ҳар сол барои ҳузур дар маросими Арбаини Ҳусайнӣ (а) озими Карбало дар ҷануби Ироқ мешаванд .