Ноябр 10, 2017 17:36 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири умури хориҷии Эрон бо раисҷумҳури Узбакистон

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон ва Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон имрӯз, ҷумъа, бо ҳам дидор ва дар бораи роҳҳои густариши равобити дуҷониба, бавижа ҳамкориҳои иқтисодию илмӣ гуфтугӯ карданд.

Ҳамкорӣ дар бахши энержӣ, теранзит, коридори чаҳорҷониба ва истиқбол аз ташкили гурӯҳи сеҷонибаи ҳамкориҳо дар заминаи ҳамлу нақл, аз ҷумла аз тариқи роҳи оҳан байни Эрон, Узбакистон, Афғонистон ва низ мубориза бо терроризм аз мавзӯъҳои матраҳ дар дидори вазири умури хориҷии Эрон ва раисҷумҳури Узбакистон буданд. Зариф ва Шавкат Мирзиёев ҳамчунин аз баргузории нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар моҳи декабри соли 2017 истиқбол карданд.

Вазири умури хориҷии Эрон рӯзи панҷашанбе барои ширкат дар Конфронси байналмилалии «Амният ва тавсеаи пойдор дар Осиёи Марказӣ» вориди шаҳри Самарқанди Узбакистон шуд.