Ноябр 11, 2017 13:28 Asia/Dushanbe
  • Вазири иттилооти Эрон: Маросими

Вазири иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, маросими “Арбаини ҳусайнӣ” (а)-и имсол бо амнияти хубе баргузор шуд ва то кунун ҳеҷ иттифоқи амниятӣ рух надодааст.

Маҳмуди Алавӣ афзуд, бо таваҷҷуҳ ба шикастҳои ахири ДИИШ, афроди ин гурӯҳи террористӣ бо пароканда шудан дар шаҳрҳои мухталифи Ироқ, амалиёти террористӣ анҷом медиҳанд то бо ин иқдомоти террористӣ мавҷудияти худро идома диҳанд.

Вазири иттилооти Эрон изҳор дошт, барқарории амният дар чунин шароите хусусиёти хоси худро металабад ва хушбахтона, дастгоҳҳои иттилоотии Ироқ бо тарафи эронӣ ҳамкории хубе доранд.

Вазири иттилооти Эрон гуфт, мақомоти ироқӣ муваффақ шудаанд, ки маросими бузург ва бошукӯҳи “Арбаини ҳусайнӣ”- ро бо амният пушти сар бигузоранд ва ин мавзӯъ арзишманд аст ва бояд аз масъулони амниятӣ ва иттилоотии Ироқ қадрдонӣ кард.

Ҳар сол миллионҳо зоир аз Эрон ва дигар кишварҳо барои ширкат дар маросими “Арбаини ҳусайнӣ” (а) ба Карбало дар Ироқ сафар мекунанд.