Ноябр 11, 2017 17:57 Asia/Dushanbe
  • Дабири кулли Созмони ҳамкории Шангхай: Эрон дар ояндаи наздик узви Созмони Шангхай хоҳад шуд

Дабири кулли Созмони ҳамкории Шангхай гуфт, бидуни тардид Ҷумҳурии Исломии Эрон дар оянда наздик узви Созмони ҳамкории Шангхай хоҳад шуд.

Рашид Олимов, дабири кулли Созмони ҳамкории Шангхай дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии «Осиёи Марказӣ; Гузашта ва оянда» дар Тошканд, гуфт, барои узвияти доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин созмон фақат ниёз ба замон ва тайи мароҳили қонунӣ аст.

Олимов изҳор дошт, тасмими ниҳоӣ дар мавриди узвияти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони ҳамкории Шангхайро бояд, раисони ҷумҳурии кишварҳои узв иттихоз кунанд.

Вай гуфт, илова бар ин Ҷумҳурии Исломии Эрон низ бояд барои узвият дар Созмони ҳамкории Шангхай бархе корҳои ташрифотиро анҷом диҳад.

Олимов дар поён гуфт, тавсеаи Созмони ҳамкории Шангхай бо узвияти кишвари муҳимме монанди Ҷумҳурии Исломии Эрон ба тақвияти ин созмон ва таъмини амният ва субот дар минтақа кумак хоҳад кард.

Созмони ҳамкории Шангхай, як созмони байналмилалӣ байнидавлатӣ аст, ки дар 15 июни соли 2001 милодӣ дар Шонгҳои Чин аз сӯи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шудааст.

Дар таърихи 19 тиримоҳи соли 1394 баробар бо 10 июли соли 2015 милодӣ Ҳиндустон ва Покистон низ узви Созмони ҳамкории Шангхай шуданд.

Акнун Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Беларус аъзои нозири ин созмон ҳастанд. Арманистон, Озарбойҷон, Непал ва Камбоҷа низ аз таърих 19 тирмоҳи соли 1394 баробар бо 10 июли соли 2015 милодӣ ба сафи Туркия ва Ширилонко пайвастанд ва шарики гуфтугӯ бо ин созмон шуданд.

Аз таърихи 11 июли соли 2015 милодӣ баробар бо 20 тирмоҳи соли 1394 раёсати Созмони ҳамкории Шангхай ба Узбакистон мунтақил шуд.