Баргузории ҷашни иди Ғадир дар Туркия
Мусулмонони Туркия дар Анкара - пойтахти Туркия ва дигар шаҳрҳои ин кишвар иди саиди Ғадири Хумро ҷашн гирифтанд.
Ҷашни иди Ғадири Хум дирӯз - сешанбе бо ҳузури эрониёни муқими Туркия дар ройзании фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Анкара баргузор шуд. Дар ин ойин Муҳаммадҳасани Ҳабибуллоҳзода, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Туркия бо табрики иди Ғадири Хум, дар бораи фалсафаи Ғадири Хуму вилояти ҳазрати Алӣ (а) сухан гуфт.
Дар идомаи ҷашн, ки музайян ба абёте дар васфи амиралмуъминин ҳазрати Алӣ (а) буд, ба майманати иди Ғадири Хум ақди издивоҷи як завҷи эрониву турк ҷорӣ шуд.
Мардуми устони Ҳатои Туркия низ бо ҳузур дар зиёратгоҳҳо ба муносибати фаро расидани иди Ғадир, ин идро гиромӣ доштанд.
Забҳи қурбониву таҳияи ғизои вижа аз гӯшти қурбонӣ ва тавзеи он миёни мардум низ яке дигар аз суннатҳои мардуми ин устон тайи рӯзҳои мунтаҳӣ ба иди Ғадир аст.
Бисёре аз касбу корҳову мағозаҳо низ дар ин устон ба муносибати иди Ғадири Хум таътил аст.
Дирӯз (сешанбе), ҳаждаҳуми зилҳаҷҷаи соли 1445 ҳиҷрии қамарӣ, мусодиф бо 25 июни 2024 рӯзи иди саиди Ғадири Хум - иди бузурги мусулмонон буд.