Ноябр 12, 2017 13:12 Asia/Dushanbe
  • Рутбаи нахусти ҷаҳонии Эрон дар мубориза бо қочоқ ва тахаллуфи гумрукӣ

Вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон эълом кард, бар асоси рутбабандии дафтари иттилооти минтақаии Созмони ҷаҳонии гумрук “RILO”, Эрон ҷойгоҳи нахусти ҷаҳонро дар мубориза бо қочоқ ва тахаллуфи гумрукӣ доро аст.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Масъуди Карбосиён рӯзи шанбе пас аз дидори Kunio Mikuriya, дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук дар Теҳрон гуфт, Эрон дар ду соли гузашта дар заминаи пайгирии тахаллуфҳои гумрукӣ иборат аз қочоқ ва вуруду хурӯҷи колоҳои тақаллубӣ рутба дуввумро дошт, ки имсол тавонист рутбаи нахустро касб кунад.

Ӯ афзуд, бо таваҷҷӯҳ ба ашрофи комил ва дастрасии дабири кулли Созмони ҷаҳонии Гумрук ба омор ва иттилооти дигар кишварҳо дар заминаи гумрукӣ, Эрон омодаи дарёфти назар ва пешниҳоди Kunio Mikuriya ба манзури беҳбуди хадамоти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Kunio Mikuriya, дабири кулли Созмони ҷаҳонии Гумрук низ гумруки Ҷумҳурии Исломии Эронро намунаи матлуб дар заминаи навсозӣ, кашфи тахаллуфҳо ва иҷрои муқаррарот ва стандартҳои байналмилалӣ баршумурд ва аз Эрон хост, дар даври баъдии Маҷмааи умумии Созмони ҷаҳонии гумрук, таҷрибиёти худро арза кунад.