Ноябр 12, 2017 15:00 Asia/Dushanbe
  • Соярӯшани наздикии Аврупо бо Эрон

Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз дар дастури кор қарор гирифтани таъсиси дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Теҳрон хабар дод.

Албатта, ин барои аввалин бор нест, ки мақомоти эронӣ аз таъсиси чунин дафтаре дар Эрон сухан мегӯянд. Дар авҷи музокироти ҳастаии Эрон бо кишварҳои узви "Гурӯҳи 5+1" низ мақомоти Вазорати умури хориҷӣ аз музокира бо масъули ҳамоҳангкунандаи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо барои таъсиси чунин дафтаре дар Теҳрон хабар дода буданд. Вале новобаста аз ин хабари ахир дар авҷи бадаҳдиҳои барҷомии ИМА метавонад умедворкунанда бошад.

Бо ин ҳама собиқаи равобити Эрон бо Аврупо нишон медиҳад, ки маъмулан кишварҳои аврупоӣ дар бораи ҳамкорӣ бо Теҳрон бар сари паймони худ устувор боқӣ намемонанд. Ин кишварҳо, ки пас аз Инқилоби Исломӣ бисёре аз имтиёзҳоеро, ки дар режими қабл аз он бархурдор буданд, аз даст доданд, дар чаҳор даҳаи гузашта талоши бисёре карданд, то Ҷумҳурии Исломии Эронро тазъиф кунанд. Охирин намунаи ин талошҳо ҳамроҳии Аврупо бо Вашингтон барои таҳрими ҳамаҷонибаи Эрон буд; иқдоме, ки албатта, ба дунболи имзои БАРҶОМ шикаст хӯрд.

Аврупоиҳо дар ҷараёни ҷанги таҳмилӣ аз тариқи фурӯши силоҳ ба режими Саддом Ҳусейн алайҳи инқилоби Эрон вориди амал шуда буданд. Пас аз поёни ҷанги ҳаштсола низ ба дунболи фатвои Имом Хумайнӣ (раҳ.) алайҳи Салмони Рушдӣ бори дигар фишор бар Эронро ташдид карданд. Каме баъд, бо ин ки равобити Эрону Аврупо ба дунболи музокироти интиқодӣ дар соли 1991 беҳбуд ёфт, ин бор ба баҳонаи додгоҳи "Миконос" бори дигар Аврупо нисбат ба Эрон бадаҳдӣ кард ва Эронро бо иттиҳоми беасоси нақзи ҳуқуқи башар ва ҳимоят аз терроризм дар тангнои иқтисодию дипломатӣ қарор дод. Яке дигар аз фарозҳои бадаҳдӣ дар ҷараёни музокироти ҳастаии Эрон бо назарияпардозони аврупоӣ сурат гирифт. Соли 2001 Эрон бо Англия, Фаронса ва Олмон музокиротеро оғоз кард, ки дар ниҳоят ба далели коршиканиҳои Амрико ба натиҷае нарасид ва аврупоиҳо бо вуҷуди иқдомоти довталабонаи Теҳрон аз музокирот рӯ гардонданд. Бо ин ки дар давраи музокироти ҳастаии Эрон бо кишварҳои узви "Гурӯҳи 5+1" аврупоиҳо бори дигар ба сари мизи музокирот баргаштанд ва равобити худро ба дунболи сафари Кэтрин Эштон ва Федерико Мугарини бо Теҳрон беҳбуд бахшиданд, пас аз имзои тавофуқи ҳастаии сабз аз тарси бадаҳдиҳои амрикоиҳо ҳозир ба вуруд ба бозори Эрон нашуданд, ба гунае ки равобити иқтисодӣ бо Аврупо яктарафа шуд ва танҳо ба воридот аз кишварҳои аврупоӣ коҳиш ёфт.

Акнун бо ин собиқаи начандон рӯшан бори дигар Эрону Аврупо мекӯшанд, равобити ҳамдигарро беҳбуд бахшанд. Шояд таъсиси дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Теҳрон яке аз нишонаҳои калидии беҳбуди ин равобит бошад. Бо ин вуҷуд бояд ба гунае барномарезӣ кард, то пеши зиёнҳои эҳтимолии чархиши ногаҳонии Аврупо дар оғӯши Вашингтон гирифта шавад, зеро дар давлати Доналд Трамп баид аст, Кохи Сафед алоқаи чандоне ба наздикии Аврупо бо Эрон нишон диҳад.