Ноябр 12, 2017 17:33 Asia/Dushanbe
  • Тими канополои мардони Эрон қаҳрамони Осиё шуд

Тими канополои мардони Эрон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё бо касби медали тилло, ба унвони қаҳрамонии Осиё расид.

Тими канополои мардони Эрон имрӯз дар мусобиқаи ниҳоии канополои қаҳрамонии Осиё дар Малайзия, тими Ҷопонро бо натиҷаи 6 бар 5 шикаст дод ва ба медали тилло расид .

Тими канополои занони Эрон низ дар марҳалаи ниҳоӣ бо шикаст муқобили тими Чину Тайипӣ ва касби медали нуқра, ноиб қаҳрамони Осиё шуд .

Канополо як варзиши гурӯҳӣ бо туп ва таркибе аз вотер поло ва қоиқронӣ аст, ки рӯи об анҷом мешавад .