Солеҳӣ: Агар БАРҶОМ иҷро нашавад, Эрон тарафҳои муқобилро ҳайратзада хоҳад кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i25394-Солеҳӣ_Агар_БАРҶОМ_иҷро_нашавад_Эрон_тарафҳои_муқобилро_ҳайратзада_хоҳад_кард
Раиси Созмони энержии атомии Эрон, бо таъкид бар муфид будани барномаи ҷомеи иқдоми муштарак БАРҶОМ барои ҳамаи тарафҳо, ибрози умедворӣ кард, то БАРҶОМ ҳифз шавад, чун бо нақзи он Эрон тарафҳои муқобилро ҳайратзада хоҳад кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 12, 2017 18:58 Asia/Dushanbe
  • Солеҳӣ: Агар БАРҶОМ иҷро нашавад, Эрон тарафҳои муқобилро ҳайратзада хоҳад кард

Раиси Созмони энержии атомии Эрон, бо таъкид бар муфид будани барномаи ҷомеи иқдоми муштарак БАРҶОМ барои ҳамаи тарафҳо, ибрози умедворӣ кард, то БАРҶОМ ҳифз шавад, чун бо нақзи он Эрон тарафҳои муқобилро ҳайратзада хоҳад кард.

Алӣ Акбари Солеҳӣ дар маросими панҷоҳумин солрӯзи фаъолияти реактори таҳқиқотии Теҳрон гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба инки дар мавзуи музокироти ҳастаӣ тарафи муқобил мумкин буд аҳдшиканӣ кунад, Эрон пешбиниҳои лозимро барои баргаштпазирӣ анҷом дод, чун бо хушбоварӣ дар музокирот ширкат накарда буд .

Раиси Созмони энержии атомии Эрон тасреҳ кард: БАРҶОМ барои Эрон, ҷомеаи байналмилалӣ ва истиҳком бахшидан ба муоҳидаи NPT (паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ) муҳим аст .

Вай санъати ҳастаиро дорои корбурдҳои дигаре дар ҳавзаи кишоварзӣ, санъату саломат донисту афзуд: Мавзуи қарордоди сохти бемористони ҳастаӣ дар Эрон бо кишвари Австрия идома дорад ва базудӣ бемористоне модерн дар ғарби Осиё ва дар Эрон сохта хоҳад шуд .

Раиси Созмони энержии атомии Эрон ҳамчунин гуфт: Ду нерӯгоҳи ҳастаӣ бо сармоягузории 10 миллиард доллар дар Эрон сохта хоҳад шуд .

Тавофуқи ҳастаии Эрону гурӯҳи панҷи ба иловаи як (Англия, Фаронса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон) аз январи 2016 иҷроӣ шудааст, аммо давлати Амрико ба унвони яке аз аъзои ин гурӯҳ ҳамвора дар иҷрои БАРҶОМ бадаҳдӣ мекунад .