Ноябр 14, 2017 17:45 Asia/Dushanbe

Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар номае ба дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид вазъияти Яманро дар натиҷаи таҷовуз ва муҳосираи ҳамаҷониба аз сӯйи режими Саудӣ вахиму нигаронкунанда донист.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф дар номаи худ таъкид кард, натиҷаи беш аз 30 моҳи таҷовузи Арабистон ба Яман аз даст рафтани ҷони ҳазорон инсон бегуноҳ, бавижа занону кӯдакон, вайрони зерсохтҳо ва таъсисоти шаҳрию ғайринизомии ин кишвар, аз ҷумла бемористонҳо, мадорис, ҷодаҳо, саноати ғизоӣ, нерӯгоҳҳои барқ ва дар натиҷа, маҳрум мондани яманиҳо аз заруритарин имконоти аввалияи худ будааст. Вазири умури хориҷии Эрон дар номаи худ бо баёни ин ки фоҷиаи инсонӣ дар Яман ба далели муҳосираи ин кишвар аз сӯйи режими Саудӣ дар ҳоли шадид шудан аст, аз ҷомеаи байналмилал хост, ба наҳви муассир ва қотеонатаре даргири буҳрони Яман шавад ва ба ин "ҷанги аҳмақона" поён бахшад. Зариф таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора танҳо роҳҳали буҳрони Яманро ташкили як давлати фарогир бо мушорикати ҳама нерӯҳои сиёсӣ ва дахолат накардани бархе кишварҳо дар умури ин кишвар донистааст.

Таҷовузи низомии Арабистон ба кишвари фақири Яман, ки аз марти соли 2015 оғоз шуда, ба кушта шудани 13 ҳазор яманӣ ва захмӣ шудани даҳҳо ҳазор тани дигар, оворагии миллионҳо нафар, вайронии зерсохтҳо, камбуди шадиди маводи ғизоию дору ва густариши бемориҳои гуногун мунҷар шудааст.