Такзиби хабари пешниҳоди кумаки Иморот ба зилзилазадагони Эрон
(last modified Wed, 15 Nov 2017 14:01:09 GMT )
Ноябр 15, 2017 19:01 Asia/Dushanbe
  • Такзиби хабари пешниҳоди кумаки Иморот ба зилзилазадагони Эрон

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон хабари тамоси телефонии валиаҳди Абузабӣ бо раисҷумҳури Эрон мабнӣ бар пешниҳоди кумаки Иморот ба зилзилазадагонро ҷаълӣ ва дуруғин хонд.

Баҳроми Қосимӣ дар бораи хабари мунташиршуда дар фазои маҷозӣ ҳокӣ аз тамоси телефонии валиаҳди Абузабӣ бо раисҷумҳури исломии Эрон ва пешниҳоди кумаки Иморот ба зилзилазадагони ғарби Эрон гуфт: Ин хабар аз асос ҷаълӣ ва кизб асту чунин тамосу пешниҳоде анҷом нашудааст .

Шабакаи Алъарабияи Саудӣ муддаӣ шуда буд, шайхи Муҳаммад бин Зоид, валиаҳди Абузабӣ дар тамоси телефонӣ бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон, пешниҳоди кумаки молӣ ба зилзилазадагони ғарби Эронро матраҳ кардааст .

Пештар Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон зимни қадрдонӣ аз ибрози ҳамдардӣ ва пешниҳоди кишварҳои мухталиф барои кумак ба зилзилазадагони ғарби Эрон эълом карда буд, Эрон дар ҳоли ҳозир тавоноии мудирияти буҳрони ин заминларзаро бо манобеи дохилӣ дорад .

Заминларзае ба бузургии 7.3 дараҷа дар амвоҷи дарунии замин (рихтер) якшанбе шаб ғарби Эронро ларзонд .

Токунун бар асари ин заминларза, 432 нафар ҷони бохтаанд ва беш аз ҳафт ҳазору 800 нафар захмӣ шудаанд .