Зариф: Арабистон чашми худро ба рӯйи воқеиятҳои таърихӣ бастааст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i25503-Зариф_Арабистон_чашми_худро_ба_рӯйи_воқеиятҳои_таърихӣ_бастааст
Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, саудиҳо бидуни таваҷҷуҳ ба воқеиятҳои таърихӣ, корҳои хасмона ва ҷоҳилонаеро анҷом медиҳанд, ки то кунун танҳо ба манофеи худашон зарар расондааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 17, 2017 15:01 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Арабистон чашми худро ба рӯйи воқеиятҳои таърихӣ бастааст

Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, саудиҳо бидуни таваҷҷуҳ ба воқеиятҳои таърихӣ, корҳои хасмона ва ҷоҳилонаеро анҷом медиҳанд, ки то кунун танҳо ба манофеи худашон зарар расондааст.

Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо Хабаргузории маҷлиси Эрон гуфт, сиёсатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора бар пояи мантиқу ақл будааст. Вазири умури хориҷии Эрон дар бораи сиёсатҳои пуртаниши Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ ва эҳтимоли даргирӣ миёни Арабистону Эрон низ гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҷойи ҷангу таниш ба дунболи барқарории сулҳу субот дар минтақа аст. Зариф ба сиёсатҳои мухарриби Арабистон дар Яман, Сурия, Ироқ ва Лубнон ишора карда гуфт, мардуми минтақа аз ин сиёсатҳо бисёр садама дидаанд ва ниёз аст, ки ин раванд мутаваққиф шавад.

Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон пештар низ гуфта буд, Арабистон ба ҷангҳои таҷовузгарона, зӯргӯӣ дар минтақа, рафторҳои бесуботкунанда ва иқдомоти таҳрикомези хатарбор машғул аст ва Эронро ба хотири авоқиби ин иқдомот муқассир медонад.