Ноябр 17, 2017 19:13 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими азодории солрӯзи реҳлати Паёмбари Ислом (с) дар саросари Эрон

Маросими азодории солрӯзи реҳлати ҳазрати Муҳаммад (с), паёмбари гиромии Ислом ва солрӯзи шаҳодати Имом Ҳасани Муҷтабо (а) дар шаҳрҳои мухталифи Эрон бо ҳузури густурдаи азодорон баргузор шуд.

Рӯзи ҷумъа, 28-уми сафари соли 1439-и ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 17-уми ноябри соли 2017 солрӯзи реҳлати Паёмбари гиромии Ислом (с) ва шаҳодати ҳазрати Имом Ҳасани Муҷтабо (а) аз ҷаҳон аст. Эрони исломӣ имрӯз саросар сиёҳпӯш аст ва мардуми муъмину дӯстдори аҳли байти исмат ва таҳорат (а) дар сӯги Паёмбари акрам (с) ва набераи гиромии эшон азодорӣ карданд. Ҳарамҳои мутаҳҳари ҳазрати Имом Ризо (а) дар Машҳади муқаддас ва ҳазрати Фотимаи маъсума (с) дар Қум низ имрӯз лабрез аз азодорон буданд.

Паёмбари гиромии Ислом (с) то қабл аз реҳлатшон, соли 11-и ҳиҷрии қамарӣ бо меҳрубонӣ аҳкому усули шариати набавиро ба шеваҳои писандида, матин ва муҳкам баён намуданд ва дар тарвиҷу нашри маорифи дину ҳидояти ҷомеа кӯшиданд. Ҳазрати Имом Ҳасани Муҷтабо (а) бошад, дар 28-уми сафари соли панҷоҳи ҳиҷрии қамарӣ, дар 47-солагӣ ба дастури Муовия ва ба дасти ҳамсарашон масмум шуданду ба шаҳодат расиданд.

 

Барчасп