Теҳрон мизбони Нишасти сеҷонибаи раванди музокироти Остона
Пас аз як ҳафта музокироти фишурда ва ройзаниҳои муовини вазири умури хориҷаи Эрон дар Маскав, Димишқ ва Анкара, имрӯз Теҳрон мизбони музокироти сеҷонибаи Остона дар бораи Сурия аст.
Ҳусайни Ҷобирии Ансорӣ дар охирин марҳала аз ройзаниҳои худ дар бораи Сурия рӯзи ҷумъа дар Анкара бо Омид Ялчин, қоиммақоми Вазорати умури хориҷа ва Седат Онал, муовини минтақаии Вазорати умури хориҷаи Туркия дидор ва дар хусуси охирин таҳаввулоти Сурия ва музокироти раванди Остона гуфтугӯ ва ройзанӣ кард .
Сафари муовини арабӣ ва африқоии вазири умури хориҷаи Эрон ба Анкара пас аз ройзаниҳои вай дар Маскаву Димишқ дар хусуси буҳрони Сурия ва охирин таҳаввулоти раванди Остона анҷом шуд .
Ин ройзаниҳо аз имрӯз бо баргузории Нишасти коршиносони аршади Эрон, Туркия ва Русия ба унвони се кишвари зомини раванди музокироти Остона дунбол мешавад.
Фардо низ идомаи ин гуфтугӯҳоро вазирони хориҷаи се кишвари Эрон, Туркия ва Русия дар Анталияи Туркия пайгирӣ мекунанд.
Иҷлоси сарони се кишвари раванди музокироти Остона низ 22 ноябри ҷорӣ дар Сочии Русия баргузор хоҳад шуд.
Раванди Остона, ки ба ибтикори ҷумҳурии исломии Эрон, Русия ва Туркия бо ҳадафи ҳалли сиёсии буҳрони Сурия шакл гирифт, таъсиргузортарин раванд дар ҳалли буҳрони Сурия буда, ки хориҷ аз иродаи давлати Амрико шакл гирифтааст.
Муваффақиятҳои паёпай дар ҷанг бо терроризм ва бозгардондани амният, на танҳо пирӯзии миллати Ироқу Сурия балки пирӯзии ҳамаи миллатҳоест, ки ба дунболи амнияту оромиш дар минтақа ҳастанд .
Дар ин росто, ибтикори амали Теҳрон, Маскав ва Анкара ба хубӣ тавонистааст ду ҳадафи роҳбурдӣ яъне ҷанг бо терроризми ДИИШ ва ҳамзамон эҷоди замина барои гуфтугӯҳои сурӣ–сурӣ барои дастёбӣ ба роҳҳалли сиёсиро ба пеш бубарад.
Ин ду ҷарён дар мароҳили мухталифи ҳафт даври музокироти Остона бо ҷиддият пайгирӣ шуда ва таъсироти мусбати он комилан машҳуд аст.
Муовини арабӣв а африқоии Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон гуфтааст, иҷлос то ҳангоми бозгашти сулҳ, субот ва оромиш ба Сурия идома пайдо хоҳад кард .
Ин дастовардҳо интизорот аз даври ҳаштуми музокиротро афзоиш дода ва баргузории ин давр аз музокиротро аз аҳаммияти музоафе бархурдор кардааст.