Ноябр 18, 2017 20:34 Asia/Dushanbe
  • Кумакҳои башардӯстонаи Туркманистон ба зилзилазадагони ғарби Эрон

Давлати Туркманистон дар иқдоме башардӯстона, як мошини боркаш дору ва лавозими дармонӣ ба манотиқи зилзилазадагони устони Кирмоншоҳ ирсол кард.

Кумакҳои давлати Туркманистон, ки ба дастури Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури ин кишвар сурат гирифтааст, ба намояндагии вазорати умури хориҷаи Эрон дар Машҳад (шимолу шарқи Эрон), ба Созмони Ҳилоли Аҳмари Хуросони Разавӣ таҳвил дода шуд.

Раисиҷумҳури Туркманистон билофосила дар пайи вуқуи зилзила дар ғарби Эрон бо ирсоли паёми таслият ба мардум ва масъулини эронӣ, барои ироаи ҳар гуна кумак, эълом омодагӣ кард.

Заминларзае ба бузурге 7.3 дараҷаӣ дар соати 21:48 дақиқа шомгоҳи якшанбе 12 ноябр, устонҳои ғарбии Эронро ларзонд, ки бар асари он, 530 тан кушта ва 7 ҳазору 460 нафар маҷрӯҳ шуданд.