Ноябр 20, 2017 18:58 Asia/Dushanbe
  • Эрон баёнияи Иттиҳодияи Арабро мамлу аз дуруғ донист

Эрон эълом кард, баёнияи вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Араб бар зидди ин кишвар ва Ҳизбуллоҳи Лубнон мамлу аз дуруғ ва маҳсули фишору таблиғоти Арабистон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон аз Арабистони Саудӣ хост, даст аз ҳамалоти ваҳшиёна алайҳи Яман бардорад .

Вай ҳамчунин аз ин кишвар хост, ба таҳрими Қатар поён диҳад .

Вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Араб дар нишасти рӯзи шанбеи худ дар Қоҳира бо тарҳи иддаоҳое алайҳи Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон муддаӣ шуданд, ки онҳо минтақаро бесубот мекунанд ва ин мавзуъро дар Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид матраҳ хоҳанд кард .