Паёми сарлашкар Сулаймонӣ ба раҳбари инқилоб ва эъломи поёни сайтараи ДИИШ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i25639-Паёми_сарлашкар_Сулаймонӣ_ба_раҳбари_инқилоб_ва_эъломи_поёни_сайтараи_ДИИШ
Фармондеҳи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар паёме ба маҳзари раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, поёни сайтараи “шаҷараи хабисаи ДИИШ”-ро эълом кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 21, 2017 08:33 Asia/Dushanbe
  • Паёми сарлашкар Сулаймонӣ ба раҳбари инқилоб ва эъломи поёни сайтараи ДИИШ

Фармондеҳи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар паёме ба маҳзари раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, поёни сайтараи “шаҷараи хабисаи ДИИШ”-ро эълом кард.

Сардор сарлашкар Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар паёме ба ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ навишт: “Ҳақир ба унвони сарбози мукаллафшуда аз ҷониби ҳазрати таолӣ дар ин майдон, бо итмоми амалиёти озодсозии Албукамол охирин қалъаи ДИИШ, бо поин кашидани парчами ин гурӯҳи амрикоӣ–саҳюнистӣ ва барафроштани парчами Сурия, поёни сайтараи ин шаҷараи хабисаи малъунаро эълом мекунам”.

Сарлашкар Сулаймонӣ ба намояндагӣ аз ҳамаи фармондеҳон ва муҷоҳидини гумноми ин саҳна ва ҳазорон шаҳиду ҷонбози мудофеи ҳарам аз Эрон, Ироқ, Сурия, Лубнон, Афғонистон ва Покистон, ки барои дифоъ аз ҷону навомиси мусулмонону муқаддасоти онон ҷони худро фидо карданд, ин пирӯзии бисёр бузург ва сарнавиштсозро ба раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, миллати Эрон ва миллатҳои мазлуми Ироқу Сурия ва дигар мусулмонони ҷаҳон табрику таҳният гуфт .

Фармондеҳи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар паёми худ афзуд: Раҳбарии хирадмандона ва ҳидоятҳои ҳакимонаи ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва ҳазрати оятулаъзамии Систонӣ буд, ки сабаби басиҷи кулияи имконот барои муқобила бо ин тӯфони масмум шуд .

Вай таъкид кард: Яқинан пойдории давлатҳои Ироқу Сурия ва поймардии артишҳову ҷавонони ин ду кишвар хусусан Ҳашад Алшаъбӣ ва ҷавонони мусулмони дигар кишварҳо бо ҳузури муқтадирона ва меҳварии Ҳизбуллоҳ ба раҳбарии Саид Ҳасани Насруллоҳ, нақши таъинкунандае дар ба шикаст кашондан ин ҳодисаи хатарнок доштанд .

Сарлашкар Сулаймонӣ тасреҳ кард: Тамомии ин ҷиноятҳо бино ба эътирофи олитарин мақоми расмии Амрико, ки ҳамакнун раёсатҷумҳурии ин кишварро бар уҳда дорад, тавассути раҳбарон ва созмонҳои муртабит бо Амрико тарроҳӣ ва иҷро шуда, камо инки ҳамчунон ин равиш тавассути раҳбарони кунунии Амрико дар ҳоли тарроҳӣ ва иҷрост .

Фармондеҳи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ҳамчунин аз мақомҳои лашкарӣ ва кишварии Эрон дар ҳимоят аз давлатҳову миллатҳои Ироқу Сурия қадрдонӣ кард .