Ноябр 21, 2017 15:04 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Пирӯзӣ бар ДИИШ хабари хуш барои мардуми Эрон ва минтақа аст

Раисҷумҳури исломии Эрон канда шудани бунён ва асоси гурӯҳи террористии ДИИШ аз Сурияро хабаре хуш барои мардуми Эрон ва минтақа донист.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон дар панҷумин Конгресси саросарии хонаи кишоварз дар Теҳрон, шикасти ДИИШ-ро ба раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, артиш, Сипоҳи посдорон ба вижа сардор сарлашкар Қосими Сулаймонӣ ва дипломатҳои эронӣ табрик гуфту афзуд: ДИИШ гурӯҳи террористӣ буд, ки қудратҳои бузург ва бархе кишварҳои муртаҷаи минтақа онро таҷҳиз ва мусаллаҳ карда буданд .

Сардор сарлашкар Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон имрӯз дар паёме ба маҳзари раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, поёни сайтараи ДИИШ-ро эълом кард .

Рӯҳонӣ бо ташаккур аз раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, мардум, нерӯҳои мусаллаҳ ва ҳамаи размандагони ислом ба далели поён додан ба кори гурӯҳе, ки ҷуз вайронӣ ва одамкушӣ ва ваҳшигарӣ чизе ба ҳамроҳ надошт, гуфт: Фардо раисони ҷумҳурии Эрон, Туркия ва Русия дар иҷлосе сеҷониба барои ояндаи Сурия ва минтақа гирди ҳам меоянд ва бо ҳам ройзанӣ мекунанд .

Вай ҳамчунин бо ибрози таассуф аз иқдомҳои Иттиҳодияи Араб гуфт: Вазирони хориҷаи як ташкилоти куҳна, пусида, берамақ ва беасар ба номи Иттиҳодияи Араб даври ҳам ҷамъ мешаванду изҳори таассуф мекунанд, ки чаро мардуми Яман пас аз ду сол ҳамлаву таҷовуз тавонистаанд посухе ба ин иқдомот бидиҳанд .