Паёми генерал Сулаймонӣ ба Раҳбари инқилоб ва эъломи поёни фитнаи ДИИШ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i25657-Паёми_генерал_Сулаймонӣ_ба_Раҳбари_инқилоб_ва_эъломи_поёни_фитнаи_ДИИШ
Генерал Қосим Сулаймонӣ дар номаи муҳиме хитоб ба Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ поёни кори ДИИШ дар Ироқу Сурияро эълом карда, аз нақши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар кумак ба ин гурӯҳи террористӣ парда бардошт. Ишораи сардор Сулаймонӣ ба поёни кори ДИИШ таъкиде бар амалиёти пирӯзмандона дар Букамол буд, ки боис шуд, охирин дижи ДИИШ низ фурӯ рехта ва ин гурӯҳ барои ҳамеша аз нақшаи ҷаҳон пок шавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 21, 2017 13:38 Asia/Dushanbe
  • Паёми генерал Сулаймонӣ ба Раҳбари инқилоб ва эъломи поёни фитнаи ДИИШ

Генерал Қосим Сулаймонӣ дар номаи муҳиме хитоб ба Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ поёни кори ДИИШ дар Ироқу Сурияро эълом карда, аз нақши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар кумак ба ин гурӯҳи террористӣ парда бардошт. Ишораи сардор Сулаймонӣ ба поёни кори ДИИШ таъкиде бар амалиёти пирӯзмандона дар Букамол буд, ки боис шуд, охирин дижи ДИИШ низ фурӯ рехта ва ин гурӯҳ барои ҳамеша аз нақшаи ҷаҳон пок шавад.

Нақши Эрон ба унвони яке аз муҳимтарин авомили шикасти ДИИШ чунон ҳоизи аҳамият аст, ки афкори умуми ҷаҳони Ислом ва ҷаҳони араб дар ҳоли ҳозир ҷумҳурии исломиро ба унвони ноҷии худ шинохта ва ин нақшро меситоянд. Шаби гузашта Сайидҳасани Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бо тақдир аз нақши Эрон дар озодсозии кишварҳои минтақа аз чанголи терроризм бо киноя ба давлатҳои муртаҷеи арабӣ гуфт: “Сардор Сулаймонӣ дар арсаи амал шона ба шонаи размандагон дар ҷанги алайҳи ДИИШ ҳузур дошт, аммо низомиёну фармондеҳони шумо дар чунин мувоҷиҳае куҷо буданд?”.

Ба дунболи шикасти ниҳоии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ, дар ҳоле ки ҷабҳаи муқовимат дасти бартарро дар таҳаввулоти минтақа дар ихтиёр дорад, кишварҳои арабӣ дар Қоҳира кӯшиданд, то бо такрори иддаоҳои зиддиэронии худ дар қиболи мавҷи маҳбубияти иҷтимоии ҷумҳурии исломӣ истанд. Ҳамзамон бо кӯшишҳои беҳосили ҷабҳаи зиддиэронии минтақа дар ҳавзаи дипломатӣ раҳбарони Эрону Русия ва Туркия, ки нақши муҳиме дар барқарории субот дар Туркия дар давраи пасодиишӣ доранд, ба зудӣ дар Маскав даври ҳам ҷамъ мешаванд, то барои тасбити мавқеияти Ҳукумати Сурия ва низ бозгашти оворагони сурӣ ба кишвари худ барномарезӣ кунанд. Табиист, агар муқовиматҳои майдонии Эрон ва азҷонгузаштагии мудофеони ҳарам намебуд, дипломатҳои эронӣ, рус ва турк наметавонистанд бо хаёли осуда дар Маскав дар бораи созукорҳои сиёсии бозгардонидани оромиш ба Димишқ барномарезӣ кунанд. Ҳамин пирӯзиҳои минтақаии Эрону муттаҳидонаш аз як сӯ, шикастҳои дипломатию майдонии Риёз аз сӯйи дигар боис шудааст, то Оли Сауд дар садади дубора муташанниҷ кардани минтақа баромада, пас аз нокомӣ дар эҷоди ҷанг бо Қатар ба суроғи Лубнон равад ва саъй кунад, то ин кишварро ноором намояд.

Бо ин вуҷуд ба далели он ки режими Саудӣ дар Яман гирифтор шуда, таҳдидоти низомии ин кишвар низ дигар наметавонад тарсе дар дили давлати роҳ диҳад,  бинобар ин бояд гуфт, ки бо суқути ДИИШ давраи қулдурии сиёсӣ – низомии Оли Сауд хотима ёфта  ва Ибни Салмон бояд худро бо воқеиятҳои тозаи минтақа татбиқ намояд. Ин воқеиятҳо чизе ба ҷуз убури комили минтақа аз буҳрони терроризм ва тарроҳии назми ҷадиди минтақа бар пояи бозгашти суботу ҳазфи бозигарони фароминтақаӣ, монанди ИМА нест,  бинобар ин ҳукуматҳои муртаҷее, ки ҳаёти сиёсии худро ба вобастагиҳои сиёсию низомӣ ва олуда кардани худ ба режими дар ҳоли суқути саҳюнистӣ гиреҳ задаанд, бояд бидонанд, ки дар муодилоти ҷадиди минтақаӣ нақше нахоҳанд дошт.