ДИИШ. Аз пайдоиш то фурӯпошӣ (гузориши вижа)
Ноябр 21, 2017 13:43 Asia/Dushanbe
Бо озодсозии шаҳри Албукамол, воқеъ дар ҷануби Сурия ва шаҳри Роваи вилояти Аланбори Ироқ ҳаёти гурӯҳи террористии ДИИШ-ро ба унвони як созмони террористӣ метавон поёнёфта донист.
Сардор сарлашкар Қосим Сулаймонӣ рӯзи сешанбе дар паёме ба раҳбари Инқилоби Исломӣ поёни кори ДИИШ дар Ироқу Сурияро эълом карда, аз нақши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар кумак ба ин гурӯҳи террористӣ парда бардошт.