Гуфтугӯи телефонии Рӯҳонӣ ва Макрон
(last modified 2017-11-21T14:07:02+00:00 )
Ноябр 21, 2017 19:07 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии Рӯҳонӣ ва Макрон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суҳбати телефонӣ бо раисҷумҳури Фаронса бори дигар ворид кардани ҳар гуна тағйиреро ба тавофуқи ҳастаии Эрон ва “Гурӯҳи 5+1” рад кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи сешанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Эммануэл Макрон, ҳамтои фаронсавии худ гуфт, изофа кардани бахше ба БАРҶОМ ва ё ҳазфи бахшҳое аз он боиси фурӯпошии комили ин тавофуқ хоҳад шуд. Ӯ таъкид кард, иҷрои комилу дақиқи БАРҶОМ озмуни муҳиме барои дигар ҳамкориҳо дар арсаи байнламилалӣ аст.

Рӯҳонӣ ҳамчунин дар гуфтугӯ бо Макрон аз ибрози ҳамдардии ҳукумату миллати Фаронса бо миллату Ҳукумати Эрон ба сабаби зилзилаи ахир дар устони Кирмоншоҳ қадрдонӣ кард. Ӯ гуфт, Эрон омода аст, равобити худро бо Фаронса дар ҳама арсаҳои мавриди алоқаи ду тараф бар мабнои эҳтироми мутақобил ва манофеи муштарак тавсеа диҳад. Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин дарҳам кӯбида шудани пойгоҳҳои аслии ДИИШ-ро ба унвони бузургтарину хатарноктарин гурӯҳи террористӣ дар минтақа ва ҷаҳон хабари масарратомез барои ҳама кишварҳо дониста афзуд, Эрон ба дунболи султа ва бартарӣ дар минтақа нест ва ҳадафи Эрон кумак ба сулҳу амнияти минтақа ва ҷилавгирӣ аз таҷзияи кишварҳост.

Эммануэл Макрон низ дар ин тамоси телефонӣ бо таъкиди дубора бар зарурати густариши ҳамкориҳои Теҳрону Париж дар ҳама арсаҳои мавриди алоқа гуфт, ҳама кишварҳо бояд барои ҳифзи БАРҶОМ талош кунанд. Раисҷумҳури Фаронса ҳамчунин аз Рӯҳонӣ даъват кард, барои ширкат дар нишасти байналмилалии обуҳаво ва гуфтугӯи муштарак дар ин замина моҳи декабр ба Париж сафар кунад.