Август 18, 2016 13:36 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрон ва Норвегия

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, ҳеч монеае барои густариши ҳамкориҳо ва равобити Теҳрон-Осло вуҷуд надорад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар дидори Берге Бренде (Borge BRENDE), вазири умури хориҷаи Норвегия дар Теҳрон афзуд: "Ҷумҳурии исломии Эрон аз густариши ройзаниҳо дар сутуҳи мухталифи сиёсӣ дар заминаи масоили гуногуни минтақаӣ ва байналмилалӣ бо Норвегия истиқбол мекунад".

Рӯҳонӣ ҳамчунин бо таъкид бар ин ки муваффақияти Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) ниёзманди пойбандии тарафайн ба тааҳҳудот аст, гуфт: "Ҷумҳурии исломии Эрон то кунун ба тамоми тааҳҳудоти худ амал кардааст, аммо бархе тарафҳо дар иҷрои бархе аз тааҳҳудоти худ таъхирҳое доранд, ки бояд нисбат ба ҷуброни он иқдом кунанд".

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар идома бо баёни ин ки ифротгароӣ ва терроризм мушкилоти фаровонеро дар минтақа ба вуҷуд овардааст, тасреҳ кард: "Терроризм илова бар кушторҳои ғайримаъмулӣ ва гирифтани ҷони мардум, боиси оворагӣ ва муҳоҷиратҳои густарда дар минтақа шуда ва ин дар ҳоле аст, ки ҷони инсонҳо бо ҳар ақида, мазҳаб ва нажоде бояд мавриди эҳтироми яксон қарор гирад".

Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ҳам дар дидори Берге Бренде бо баёни ин ки миллати Эрон дар интизори амали тарафҳои ғарбӣ ба тааҳҳудоти худ ва касби натоиҷи эҳсосшаванда аз БАРҶОМ аст, гуфт, тавофуқи БАРҶОМ нуқтаи авҷи рафтори содиқонаи Эрон буд.

Лориҷонӣ бо ишора ба бадаҳдии амрикоиҳо дар иҷрои БАРҶОМ афзуд, табъан кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Норвегия метавонанд дар тайи муваффақиятомези ин масир нақши фаъоле ифо кунанд.

Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон низ дар дидори вазири хориҷаи Норвегия, лағви куллияи таҳримҳоро зарурате ғайриқобили иҷтиноб барои идомаи масири иҷрои БАРҶОМ донист ва таъкид кард: "Теҳрон рафторҳои муғойир бо рӯҳи БАРҶОМ ба манзури ҳифзи таҳримҳоро аз сӯйи бархе кишварҳо таҳаммул нахоҳад кард".

Шамхонӣ дар ин ҳол бо ишора ба фазои муносиби пас аз БАРҶОМ дар ҳамкорӣ миёни Эрон ва Аврупо гуфт: "Бо тавваҷуҳ ба зарфиятҳои густардаи мавҷуд, ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва муносиботи сиёсӣ миёни Эрон ва Норвегия қобили афзоиш аст".

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ҳамчунин бо баёни ин ки терроризм аз шакли суннатии худ хориҷ ва ба равишҳои фоҷеаборе чун қатли оми мардум бо комюн ва силоҳҳои сард табдил шудааст, тасреҳ кард, ҳалли масъалаи терроризм бидуни тавваҷуҳ ба решаҳои эътиқодӣ ва авомили аслии пуштибоникунанда имконпазир нест.

Алиакбари Вилоятӣ, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон ҳам дар дидори вазири хориҷаи Норвегия дар бораи ҳамкориҳои Эрон бо Аврупо, ба вижа Норвегия ва масоили Сурия ва минтақаи Ховари Миёна табодули назар кард.

Берге Бренде дар дидор бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон ҳам дар бораи муносиботи дуҷониба, шароити минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар кард.

Вазирони хориҷаи Эрон ва Норвегия дар ин дидор бар густариши равобити дуҷониба ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар дар ҳавзаи пулӣ ва бонкӣ таъкид каран.

Ҳамчунин бо ҳузури вазирони умури хориҷаи Эрон ва ва Норвегия, се ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар заминаҳои эътибори содиротӣ миёни сандуқи замонати содироти Эрон ва Ожонси замонати эътибороти содиротии Норвегия ба имзо расид.

Бар асоси асноди имзошуда, Норвегия хати эътибории содиротии як миллиард евроӣ ба Эрон эъто мекунад.

Тафоҳумномаи ҳамкории бимаӣ миёни киштиронии Ҷумҳурии исломии Эрон ва клуби Пи энд Ай SKULD –и Норвегия дар бораи анвои бимаҳои дарёӣ ва омӯзиши персонал ва иртиқои дониш ва тавонмандии коршиносони эронӣ низ имзо шуд.

Вазири хориҷаи Норвегия дар дуввумин сафараш ба Эрон тайи ду соли гузашта ва дидор бо мақомоти эронӣ, бар зарурати истифодаи ҳар чӣ бештар аз фазои пасотаҳрим дар ростои густариши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид кард.

Вазири умури хориҷаи Норвегия бо ибрози хурсандӣ аз тавофуқоти суратгирифта бо Эрон низ гуфт: "Идеяҳои мухталифи ҳамкорӣ бо Эрон ба амал табдил шуд ва дар ин росто пас аз як даҳа, замонатҳои лозим барои равобити иқтисодӣ бо Эрон содир шудааст".