Эътои нахустин нишони адабии Саъдӣ ва Иқбол дар Покистон
Ба муносибати 70-умин соли оғози равобити дӯстии Эрон ва Покистон, нахустин нишони адабии “Саъдӣ ва Иқбол” ба пажӯҳишгарон ва падидоварандагони осори форсӣ дар Покистон эъто шуд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, ин нишони адабӣ аз ин пас ҳарсол ба фаъолони арсаи забон ва адабиёти форсӣ дар Покистон тақдим мешавад.
Нишони адаби «Саъдӣ ва Иқбол»-ро ройзани фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Покистон бо ҳамкори Комиссияи омӯзиши олӣ ва Донишгоҳи миллии забонҳои навини Покистон эъто мекунанд.
Нахустин нишони адабии «Саъдӣ ва Иқбол» дар бахшҳои тарҷума, таълиф, шеър ва поённомаҳои донишҷӯӣ ба шаш нафар аз устодон ва донишҷӯёни забони форсӣ, аз донишгоҳҳои саросари Покистон эъто шуд. Ѓ
Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, раиси Бунёди Саъдӣ ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон, дар паёме ба ин маросим аз ҷиҳоди фарҳангии устодони забони форсӣ дар Покистон барои равшан нигаҳ доштани чароғи забон ва адабиёти форсӣ дар ин кишвар қадрдонӣ кард.
Балиғ Ал Раҳмон, вазири омӯзиши олии Покистон ҳам дар ин маросим, ки бо ҳузури ҷамъи касире аз устодон, донишҷӯён ва алоқамандони забони форсӣ баргузор шуд, гуфт, забони форсӣ нақши муҳимме дар эҷоди ваҳдат байни кишварҳои исломӣ дорад.