Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамлаи террористӣ дар Мисрро маҳкум кард
Ноябр 25, 2017 20:26 Asia/Dushanbe
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёми “Твиттер”-ӣ бо маҳкум кардани ҷинояти террористҳо дар ҳамла ба намозгузорони ҷумъа дар минтақа Синои Миср, аз тарафи миллати Эрон ба мардуми Миср ва хонаводаи қурбониёни ин ҳамла таслият гуфт.
Инфиҷори бомб ва тирандозӣ дар маросими намози ҷумъа дар устони Синои шимоли Миср, дастикам 235 кушта ва 150 захмӣ барҷо гузошт; Токунун гурӯҳе масъулияти ин ҳамлаи террористиро бар ӯҳда нагирифтааст.
Пештар Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷа ва Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар паёмҳои ҷудогона, ҳамлаи террористӣ дар Мисрро маҳкум карда буданд.
Барчасп