Ноябр 26, 2017 17:49 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи шаҳодати имом Ҳасани Аскарӣ (а) таслият бод

Душанбе 27 ноябр 2017 баробар бо ҳаштуми рабиулаввал 1439 мусодиф бо солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ҳасани Аскарӣ (а) аст.  

Ҳазору 178 сол пеш дар ҳаштуми рабиулаввали соли 260 ҳиҷрии қамарӣ, ҳазрати имом Ҳасани Аскарӣ (а) аз наводагони гиромии расули акрам ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар шаҳри Сомиро дар Ироқи имрӯз ба шаҳодат расид.

Имом Ҳасани Аскарӣ (а) дар сол 232 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина мутаваллид шуд.

Падари гиромиашон ҳазрати имом Ҳодӣ (а) аз наводагони паёмбари ислом (с), ороста ба беҳтарин камолот ва фазоили инсонӣ буд ва модари он бузургвор, зане донишманд ва бофазилат ва хайрхоҳ буд.

Имом Ҳасани Аскарӣ (а) пас аз шаҳодати падар, раҳбарӣ ва раҳбарии динии мусулмононро ба уҳда гирифт.

Ин имоми бузургвор дар мактаби илму дониши худ андешамандони бофазилатеро тарбият кард, ки ҳар кадом бо ба ҷой гузордани осори мактуб дар заминаҳои гуногуни улуми исломӣ, гомҳои муассиреро барои эътилои маорифи исломӣ бардоштанд.

Имом Ҳасани Аскарӣ (а) аз шаш соли даврони имомати худ, се солро дар зиндони хулафои Аббосӣ гузаронд ва саранҷом дар 28 солагӣ дар давраи хилофати муътамади Аббосӣ ба шаҳодат расид.

Радиои тоҷикии ҷумҳурии исломии Эрон -Садои Хуросон- шаҳодати имом Ҳасани Аскарӣ (а)-ро ба дӯстдорони аҳли байти паёмбари гиромии ислом (с) таслият мегӯяд.