Ноябр 26, 2017 18:14 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи ҳамкории транзити байни Эрон, Туркия ва Қатар

Тафоҳумномаи ҳамкории муштараки транзити коло байни Эрон, Туркия ва Қатар дар Теҳрон имзо шуд.

Бар асоси ин тафоҳумнома, ки дар Теҳрон ба имзои Муҳаммади Шариатмадорӣ, вазири санъату маъдан ва тиҷорати Эрон, Нихет Зейбекси, вазири иқтисоди Туркия ва Шайх Аҳмад ибни Ҷосим Оли Сонӣ, вазири иқтисоди Қатар расид, се кишвар бо ташкили  коргурӯҳе муштарак, убури коло ва транзити маҳсули байни се кишварро тасҳил хоҳанд кард .

Ҳамчунин ин тафоҳумнома роҳи тавсеаи равобити иқтисодии байни Эрон, Туркия ва Қатарро тасреъ ва мавонеи ирсоли колоҳои ду кишвари Эрону Туркия ба Қатарро рафъ хоҳад кард .

Пеш аз имзои ин тафоҳумномаи сеҷониба, Нихет Зейбекси, вазири иқтисоди Туркия бо Муҳаммади Шариатмадорӣ, вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон дидор ва дутараф дар ин дидор бар густариши беш аз пеши равобити дуҷониба таъкид карданд .

 

Барчасп