Ноябр 28, 2017 15:24 Asia/Dushanbe

Вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон аз сатҳи равобити миёни Эрону Арманистон ибрози хурсандӣ кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар нишасти хабарии муштарак бо Эдварди Наълбандиён, ҳамтои армании худ равобити Эрону Арманистонро бисёр хуб донисту гуфт, дар сафараш ба Арманистон, ҳайъати баландпояи иқтисодии Эрон низ ӯро ҳамроҳӣ мекунаду ин мавзуъ барои густариши ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар муҳим аст .

Пеш аз ин нишасти хабарӣ низ дидори Зарифу Наълбандиён баргузор шуд .

Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин дидор ҳамкорӣ дар заминаҳои нафт, газу барқ, транзит, эҷоди тасҳилоти ҳамлу нақл ва рафъи мушкилоти ширкатҳову афзоиши иртибототи мардумии ду кишварро зарурӣ донист .

Зариф бо ишора ба муносиботи деринаи Эрону Арманистон, густариши бештари равобити сиёсӣ ва баргузории Комиссияи муштараки иқтисодиро хостор шуд .

Эдвард Наълбандиён, вазири умури хориҷаи Арманистон низ дар ин дидор бо ибрози хурсандӣ аз ҳузури вазири умури хориҷаи Эрон ва ҳайъати ҳамроҳ дар Ереван гуфт: Равобити ду кишвар рӯ ба густариш асту Арманистон дар заминаҳои мухталиф ба вижа иқтисодӣ омодаи ҳамкорӣ бо Эрон аст .