Ноябр 28, 2017 18:17 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Нерӯи баҳрии артиши Эрон ҳаракати пуршитоби худро идома диҳад

Фармондеҳи муаззами кулли қувои Эрон аз нерӯи баҳрии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон хостанд, ҳаракати пуршитоби хешро идома диҳад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳи муаззами кулли қувои Эрон имрӯз, сешанбе, ба муносибати Рӯзи нерӯи баҳрии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори гурӯҳе аз фармондеҳону масъулони ин нерӯ гуфтанд, амалиёти шӯҷоонаи нирӯи баҳрӣ зидди артиши баъси Ироқ дар ҳафтуми озари соли 1359 (ҳиҷрии шамсӣ) таъсири мондагор бар ҷанг гузошт ва он шӯҷоат, ибтикор, барномарезӣ ва иқдом, тасаллути душманро бар баҳр ба сифр расонд. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Рӯзи нерӯи баҳрии артиши Ҷумҳурии Исломии Эронро рӯзи ифтихор ва сарбаландии ин нерӯ ва рӯзи намодин барои таҷлил аз фидокориҳои он хонданд. Эшон бо таъкид бар лузуми зинда нигаҳ доштани ёди амалиёти ҳафти озар ва шаҳидони диловари он афзуданд: “Шаҳодат дар роҳи Худо хисорат нест, балки ғанимат аст ва ба таъбири дақиқи Имом Хумайнӣ (раҳ.), “миллате, ки шаҳодат дорад, асорат надорад”.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо ишора ба аҳамияти нерӯи баҳрӣ тасреҳ карданд, нерӯи баҳрӣ дар хати муқаддами дифоъ аз Эрон аст ва манотиқи муҳиме ҳамчун Мукрон, баҳри Умон ва обҳои озодро фарорӯи худ дорад ва ҳузур дар обҳои озод ҳамчун гузашта бояд идома ёбад. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд, рушду таҳарруки хубе дар нерӯи баҳрӣ оғоз шуда ва имрӯз нерӯи баҳрӣ бисёр пешрафтатару тавонотар аз 20 соли қабл аст, аммо ин сатҳи пешрафт қонеъкунанда нест ва дар ҳама бахшҳо бояд бо азму рӯҳия, ҳиммати баланд, ибтикору иқдом, ҳаракати пуршитоб дунбол шавад.

Ҳафтуми озари соли 1359-и ҳиҷрии шамсӣ, баробар бо 28-уми ноябри соли 1980-и милодӣ нерӯи баҳрии артиши Эрон дар амалиёти “Марворид” зарбаи сангине бар пайкари нерӯи ҳавоӣ ва баҳрии Ироқ ворид кард, ба тавре ки артиши Саддом ҳеҷ гоҳ натавонист аз асароти ин шикаст раҳо шавад.