Ноябр 30, 2017 22:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳафтаи ваҳдат бар ҳамаи мусулмонони ҷаҳон муборак бод

Фардо (ҷумъа) 12 моҳи рабеъ-ул-аввали 1439 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо аввали декабри 2017, мусодиф бо оғози ҳафтаи ваҳдат ва айёми милоди ҳазрати Муҳаммад (с) аст.

Вилодати ҳазрати Муҳаммад (с) ба назари шиаён дар 17 рабеъ- ул-аввал дар соли Ом-ул фил аст, вале мусулмонони аҳли суннат, ин воқеаро дар рӯзи ва 12-уми ин моҳ донистаанд, бино бар ин фосилаи ин ду таърих ба пешниҳоди Бунёнгузори кабири инқилоби исломӣ ҳазрати Имом Хумайнӣ (р), “ҳафтаи ваҳдат” номгузорӣ шудааст.

Ҳазрати Муҳаммад (с) пас аз онки дар чиҳил солагӣ барои паёмбарӣ баргузида шуданд, дар ибтидо дини илоҳиро ба таври махфиёна таблиғ мекарданд ва пас аз се сол, ба даъвати ошкор даст заданд.

Ранҷҳо ва сахтиҳои фаровоне, ки пас аз даргузашти Абутолиб, аму ва ҳазрати Хадиҷа (р) ҳамсари он ҳазрат, бар эшон гузашт ва ҳамчунин эъломи омодагии мардум Ясриб барои пазируфтани он паёмбари азимушаън, заминасози ҳиҷрати бузург эшон ба Мадина шуд.

Даҳ соли охири умр ва рисолати ҳазрати Муҳаммад (с) дар Мадина, ҳамроҳ бо пешомадҳои бисёр, аз ҷумла футӯҳот ва интишори оини осмонии Ислом буд.

Ваҳдат ва якпорчагии мусулмонон ва лузуми иттиҳод ва иттифоқи калима миёни онон, аз таолим ва омӯзишҳои асосии оини ислом ва аз усули фарҳанги қуръонӣ аст.